Табрикоти кинаомўзонаи лаънатӣ

Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки ташкилоти навтаъсис ба ҷои ТЭТ ҲНИ созмон ёфтааст, сокинони кишварро табрик намуда бо соли нави мелодӣ баробари ин ҳаргуна бартаҳоро зери танқид меоранд.

Мақсад аз он иборат аст, ки пешравиҳои ҷумҳурии Тоҷикистонро дида наметавонанд. Паёми навбатии Президенти кишварамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар аз 26.12.2019 сол худ далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таи солҳои охир ба кадом натиҷаҳои назаррас ноил шуданд ва вазифаҳо ба соли нави мелодӣ мебошад. Ногуфта намонад тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар таҳлилу баррасӣ шуд. Ободии ватан бунёди комплексҳои варзишӣ, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ дар ҳамаи деҳоти кишвар, таъмири роҳу пулҳо  ин далели ободии кишвар  магар нест! Хоҷаҳои хориҷа ҳамаи инҳоро нодида мегиранд ва камбудиҳоро меҷўянд.

Паёми Пешвои миллат ин раҳнамои рушди миллати тоҷик, ояндаи ободиву созандагии кишвар. Дар баробари ин  ҳар як шахс кӣ будани худ ва аз фарҳанги қадимаи халқамон бохабар буда онро муаррифӣ карда тавонад. Вазифагузорӣ карда шуд, ки дар давоми сол ҳар як шахс на кам аз 5 асари классикон ё худ щоирону нависандагони муосирро мутолиа намоянд. Китобхонаҳо дар ташкилоту корхонаҳо таъсис дода шавад. Ҷавонони 18 сола бояд ҳатман як ҳунарро омўзанд. Солҳои 2020-2040 –ум солҳои омўзиши фанҳои дақиқ, ҷавонони мо бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ технологияи инноватсионии муосирро омўхта ихтирооти худро пешниҳод намоянд. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон дар СММ оиди таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, масъалаҳои гармшавии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист қабул шудаанд.

Доири ин масъалаҳо  конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор гардидаанд ва оянда боз баргузор мегардад. Барномаи амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» идома дорад ва дар кишварҳои дунёи муосир оиди ин масъала баҳсу мулоқотҳо гузаронида мешаванд. Бояд қайд намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз кишварҳои пешсаф баҳисоб меравад. Ҳангоми ба пуррагӣ ба фаъолият шурўъ намудани НБО Роғун Тоҷикистон ба кишвари сегонаи ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи сабз шомил мегардад. Ҳамаи ин пешравиҳо магар натиҷаи халқи заҳматкаши тоҷикон нест ӯ? кабирӣ ва командаи шаурмахӯрӣ ӯ ҳамаи инро нодида мегиранд. Табрикоти Кабирӣ аз сараш монад.

Азимов  А.Ҷ. – н.и.к., дотсенти кафедраи

 маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like