Изҳороти кафедраи аудит ва ревизия нисбати гуфтугӯи навбатии Кабирӣ

Аҳли устодон ва омӯзгорони кафедраи системаҳои ахборотӣ – ҳисоббарории донишгоҳ нисбати гуфтугӯи навбатии рӯ ба рӯи раиси Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ изҳори андеша менамоем. Хушбахтона имрӯзҳо мардуми мо симои аслии Кабириро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, бе имон ва нокас мешиносанд. Аз лазаи такшилёбии ҳизб ва ба мансаби раиси ҳизб расиданаш то кунун амалҳои хиёнаткронаи худро хотима намебахшад.

Ӯ бо аъзоёни ба ном Хизби назхати исломиаш,  ки солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун гирифтор карда буданд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва хамаслаконаш мохи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Тоҷикистони гуг-гул шикуфта истодаро ба замин яксон кунанд, аммо халки бошарафи тоҷик ин гуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Ҳама медонад, ки Муҳиддин Кабирӣ  миллату давлат, дину оин ва мазҳаби худро фурӯхт. Яке аз харобкориҳои ин шахс дар он буд, ки барои давлатро ноором кардан аз хоҷагони хориҷии худ 1 миллиону 200 хазор доллари амрикоиро гирифта барои гузаронидани табадуллот ва вайрон кардани сохти давлатдории Тоҷикистони имрӯза ба генерали хоин Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода супорид. Нияти нопоки онҳо амалӣ нашуд ва имрӯз аз хориҷ истода мехоҳанд корҳои сиёҳи худро давом диҳанд. Лек нақшаву нияти онҳо шикаст мехурад.

Имрӯз Точикистон он давлати солҳои 1992 нест ва мардуми он оқибати ҷанги шаҳрвандиро дидаанд. Барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хориҷӣ тамоми мардуми Точикистон камари мардӣ мебанданд, намегузоранд то давлат нобуд шавад.

Аҳли устодони кафедраи

аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like