Исломфурӯшии наҳзат ошкор гардид

Имрӯз Тоҷикистони моро дар аксари мамолики дунё чун давлати орому осуда ва рӯ ба инкишоф хеле хуб мешиносанд. Мо чун мардуми сулҳхоҳ ҳамеша мехоҳем, ки осмонамон софу мусаффо ва мардум сарҷамъ бошанду меҳнати софдилона кунанд, то Ватанамон обод гардад. Аммо бархе аз ноҷавонмардон мехоҳанд  осудагии моро вайрон намуда, кирдорҳои ношоиста анҷом диҳанд ва мисли солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистонро порча-порча намоянд.

Маҳз кӯшишу талошҳои Сарвари муаззами миллат ва халқи бофарҳанги тоҷик буд, ки мо ба чунин дастовардҳои беназир расидем. Барои сулҳу салоҳ давлат ва мардум мо аз гуноҳи Ҳизби наҳзати ислом, ки тухми нифоқ мекошт, танҳо ба хотири сарҷамъии тоҷикон гузашта буданд. Аммо ин тоифа ба кирдори нангини худ идома дода, ҷавонони содалавҳро бероҳа намуда, барои иҷрои амалҳои ношоиста ва хатарнок омода кардаанд. Мо инро аз якчанд наворҳои телевизионӣ ва филмҳои мустанад дида дар ҳайрат мондем. Наход хуни инсонро рехтан, дар таълимоти наҳзатиён ҷоиз бошад. Вале дар дини ислом қатлу куштор амали ҳаром аст. Ин тоифа мардум исломфурӯш ва динфурӯш ҳастанд.

Имрӯз боз аз як амали нангине, ки ин тоифа анҷом додаанд, баромадҳои подарҳавои роҳбарият ва аъзоёни ҳизби ифротии наҳзат аст. Ин баромадҳо як намуна аз хоинии аъзоёни ҳизби наҳзат аст, ки мехоҳанд мафкураи мардумро ва махсусан ҷавононро вайрон созанд. Мо мардуми бофарҳангро водор месозад, ки кирдорҳои ношоиставу ғайриинсонии ТЭТ ҲНИТ-ро бори дигар барои ҷомеаи ҷаҳон иброз дорем. Ин ҳизб танҳо як мақсад дорад, ки он ҳам бошад тухми ҷангу ҷидол коштан, ба шӯр андохтани мардум ва такрори амалҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ба ҳмин маъни Саъдии бузургвор мефармояд:

Миллатеро рафт чун оин зи даст,

Мисли хок аъзои ў аз ҳам шикаст.

   Яъне, қавме  ки таассубпарастанд, рўзе  мерасад, ки ба ҷуз қабули расму оин ва анъанаи бегона дигар чорае надоранд, натиҷаи хурофатпарастӣ ва таассуб, кур-курона ба ғаразҳои наҳзатиён ризо буданашон ба он оварда расонд, ки бархе аз ҷавонон ба андешаҳои ифротии онон дода шуда, хатари бузургеро барои мардуми ҷаҳон аз ҷумла барои Тоҷикистон эҷод карда истодаанд.

Аз ҳамин лиҳоз аксарашон аз тарафи прократура боздошт гардида, чун ҷинояткор ҷазои худро дар маҳбасҳо адо менамоянд. Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ солҳои 90-умро фаромуш нахоҳад кард. Имруз тамоми мардуми сайёра  фаҳмид, ки терроризм миллат ва дин надорад. Аз он ҷумла ТЭТ ҲНИ ба феҳрасти ин тоифа шомил аст. Моро бояд, ки бо мардуми дунё якҷоя бар зидди ин падидаи номатлуб, ки чун кирм дарахтро нобуд месозад, хатар барои тамоми сайёра аст, мубориза барем, зеро дар ҳамин хусус Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

   Раҳматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like