Ҳукми одилона нисбати наҳзат

Дар замоне, ки ҳизби наҳзати исломӣ аз сари нав ба фаъолият фаъолияти расмь иҷозат дода шуда, роҳбарияти онвақтаи наҳзат ва махсусан Кабирӣ ҳамеша иброз медошт, ки арзишҳои дини мубини исломро боло мегузорад ва аз рӯи он фаъолият менамоянд. Аз руи мушоҳидаҳои он замон маълум буд, ки саркардагони ТЭТ ҲНИ на арзишҳои дини мубини исломро ҳимоя мекарданду на ба он таваҷҷуҳ доштанд. Балки Кабирӣ ва пайравони ӯ аз номи дини мубини ислом истифода мебурд ва дар доираи арзишҳои ин дин ғаразҳои шахсӣ ва ҳизбии худро амали мекард. Ҳатто суйистифода аз арзишҳои исломӣ ҷавонони ноогоҳу шахсони гумроҳи саводу маърифати динӣ надоштаро ба ТЭТ ҲНИ  аъзо мегардонид.

Таърих гувоҳаст, ки ТЭТ ҲНИ ҳануз соли 1973  дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ дар маркази вилояти Хатлон пинҳонкорона  аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои хориҷа таъсис ёфта буд ва он  пас аз муддате бо номи ҳизби наҳзати исломӣ дар саҳнаи сиёсии кишвар ошкоро шуд. Баъди расман фаъолият намудани ин ҳизб  дар кишвар ҷанги шаҳрванди сар зад, ки сабабгори асосии он маҳз саркардагони ин ҳизб буданд. Саркардагон, фаъолон ва пайравони ин ҳизб суистифода аз дини мубини ислом дар суханрониҳояшон дар гузашта чунин иброз медоштанд, ки «Наҳзати исломӣ бо ҳамин ном боқи хоҳад монд»,  «мо тасмими иваз кардани номро надорем ва зарурат ҳам нест». Гуфтаҳою амалҳои саркардагону фаъолони ин ҳизби мамнуъ бори дигар муайяну ошкор гашт, ки онҳо маҳз бо суйистифода аз номи дини мубини ислом мехоҳанд ба амалҳои разилонаю палидонаи худ идома диҳанд. Зеро, ки дар руҳияву ҷисми ин танг назарони курдии наҳзатиён нопокиву разолат ҷой дошт ва ҳамоно боқӣ мемонад.  Саркардагону фаъолони ТЭТ ҲНИ аз таҷрибаи талхи таърих ибрат нагирифта, соли 2015 боз ба амалиёти мусаллаҳонаи зидди миллӣ даст заданд. Кабирӣ, ки яке аз ташкилкунандагони асосии ҳамлаи мусаллаҳона бар зидди сохти кониститутсионӣ буд,  пешаки ба хориҷи кишвар фирор кард ва бо дасти хоини бисёр ҳам машҳур ҳоҷи Ҳалим Назарзода алангаи оташро даргиронд. Хушбахтона алангаи оташи разилонаи саркардагони ТЭТ ҲНИ  дер давом накард ва он зуд хомуш карда шуд. Ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом манъ гардида, бо қарори Суди олии мамлакат ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ шинохта шуд. Ҳукми одилона нисбати фаъолияти ифротии наҳзат дода шуд.

Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like