Изҳороти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ нисбати ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ

Зикр намудан ба маврид аст, ки мо мардуми тоҷик ва тоҷикистониён  афкору ақида ва ниятҳои разилонаи ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом ва хоссатан роҳбарону пайравони онро қатъиян маҳкум менамоем. Ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз ба халқу ватани мо заррае бошад ҳам фоида наовардаанд, балки зарару зиён расонид, ки худро дар таърихи миллати мо ҳамчун хиёнаткору ватанфурӯш нишон дод.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ имконият фароҳам овард, дар қабили дигар ҳизбҳои навтаъсис наҳзат низ ба расмият даромад, анакнун аз фаъолияти пинҳонкорона ба фаъолияти ошкоро баромад. Лек мақсади олии ТЭТ ҲНИ ба даст овардани ҳокимият буду барои ноил шудан ба ин мақсад аз номи дин истифода бурдани онро авлотару болотар донист.

Аз ин рӯ, наҳзатчиён ба майдонбозӣ гузашта, дар маркази ҷумҳурӣ тарафдорони худро дар урдуи худ бо номи “Шаҳидон” ба таври ғайриқонунӣ ҷамъ намуданд. Маҳз ҳамин омил ба ҷанги шаҳрвандӣ оғоз бахшида, наҳзат ба унвони равғанрезӣ ин ҷанги таҳмилӣ гадид.  Ҷанги хонунмонсӯз ба миллати мо зарари калони ҷониву молӣ расонид, ки барои азнавбарқароркунии соҳаҳои хоҷагии халқ солҳои зиёд сарф гардид.

Аъзоёну роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз зумраи инсонҳое башумор меравад, ки ба Ватан-Модари худ, ба миллат ва халқи худ хиёнат кардааст. Онҳо мақсадҳои ғаразноки худро, ки хоҷагони хориҷӣ супориш додаанд, амалӣ сохтан мехоҳанд.

Мо, ҳайати устодони кафедари мазкур ҳаминро таъкид медорем, ки хиёнаткорони миллату давлат бо мурури замон аз амалҳои нопокашон дар назди қонун ва халқ ҷавоб хоҳанд дод!

Изҳороти устодони кафедраи назарияи

таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like