Маслиҳати дӯстонаи наҳзатиён ба касе лозим нест!

Дар як муддати кӯтоҳ Раиси шаҳри Душанбе-  Рустами Эмомалӣ тавонист, ки пойтахти Тоҷикистони биҳиштосорро ба оламиён муаррифӣ кунад. Аҳсан ба Рустами Эмомалӣ, ки ба ин синни ҷавониаш  нигоҳ  накарда, шаҳри Душанбе ва гирду атрофи онро ба як ҷойгоҳи истироҳату фароғати мардум табдил дод.

Дар тамоми гӯшаи  канори шаҳри Душанбе хонаҳои  баландошёнаи замонавӣ, мактабу боғча,  қасрҳои варзишӣ, аквапаркҳо  ва  ҳазорҳо ба ҳамин монанд толорҳои гуногун сохта ба истифода дода шуд.

Он «маслиҳатҳои дӯстонаи журналист» Халил Кайюмзод,  ки ба шаҳрдори Душанбе додааст, гуфтан мумкин аст, ки Рустами Эмомалӣ аз кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, мисли Пешвои миллат бо мардум буда, барои пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол  кайҳо камари ҳиммат бастааст ва ба ингуна «маслиҳатҳо»  ниёз надорад.

Рустами Эмомалӣ бо маслиҳату машварати Пешвои миллат, метавонад, шаҳри Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи минтақа баробар созад. Мардуми қавииродаи пойтахт  аз ин фидокориҳои шаҳрдори  Душанбе  боварии  комил доранд. Мардуми шаҳри Душанбе озодона кору фаъолият намуда  истодаанд  ва ягон норозигии дар мавриди корбарии мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр надоранд.

Рустами Эмомалӣ то ба вазифаи шаҳрдорӣ Душанбе таъин шуданаш  дар вазорату муассисаҳои вазнини сохтори ҳукуматӣ иҷрои вазифа намуда,  ба ягон иштибоҳе роҳ надодааст, ки инро ҳама медонанд. Раиси шаҳри Душанбе дар ҳар иду маросимҳо, ҷашнҳо мисли падари худ ба аёдати пиронсолон , нафақахурон, маъюбон ва камбизоатон рафта, аз зиндагию  камбудиҳои ҷойдоштаашон бо хабар шуда меистад, ки аз ин кори хайри шаҳрдорӣ, ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон бохабар ҳастанд. Онҳое, ки ба ин сарзамини муқаддас хиёнат мекунанд, новобаста аз вазифаашон худованд онҳоро намебахшад. Ман шахсан ба Рустами Эмомалӣ дар ҷодаи вазифаҳои баланди давлатӣ муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

  Муродбекова М.Х. – н.и.ф., дотсент, мудири

 кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like