Дар ҳақиқат себ аз ҳотааш дур намеафтад

Дар Тоҷикистони муосир сулҳу субот ва амнияти миллӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон, пойдор аст. Фазои имрўзаи оромӣ ва осоиштагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар таърихи сиёсӣ дар мўҳлати кўтоҳтарин овардани сулҳ, пойдор  нигоҳ  доштани он саҳифаҳои бисёр камшумор ҳастанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар баъзе давлатҳо оташи ҷанги дохилиро аққалан паст кардан имконнопазир мебошад, ба ин кишвари ҷангзадаю абгоргардида, ҳамсояи мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мисол шуда метавонад.

Доир ба маводи Халил Қаюмзод дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»  ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки фақат шахсони пешравиҳои Тоҷикистони имрўзаро нодида гиранда ба чунин рафтори беадабона қодир ҳастанд. Ин нафароне, ки фақат ба таънаҳои беасос, рашку ҳасади ғаризона ва ноҷавонмардона машғул буда, ба Ватан, сарвари он, меҳр надоранд, чунки тинҷиро намехоҳанд, ҳамшарикони саркардаҳои даргириҳои ҷанги шаҳвандӣ ва ё пайравони имрўзаи онҳо мебошанд.

Ин нафар (Халил Қаюмзод) чӣ дорад, ки ба Раиси шаҳри Душанбе носазо сухан гўяд. Ба ғайр аз қоидаҳои одобу ахлоқи ҳамидаи аҷдодӣ боз қонунгузор вазъи онҳоро низ муайян кардааст. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муқаррар мекунад.

Қонуни конститутсионии мазкур дар баробари салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсиву ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ўро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.

Қисми 1 моддаи 5 қонуни конститутсионии мазкур муқаррар менамояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ў ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд.

Нисбати ҳар як нафаре, ки талаботи қонунгузории ҷориро, аз ҷумла муқаррароти қонуни конститутсионии дар боло зикргардидаро вайрон менамояд, ҳатман чораҳои қонунӣ роҳандозӣ шаванд. Агар ки чунин кирдорҳо беҷавоб монд Халилу пайравони ў авзои ҷомеаро ғуборолуд намуданашон мумкин аст. Ҷоиз аст, ки мақолаи халқиро ёдовар шавем: ҳар мард бояд, ки фарзанди худро насиҳат намуда, ба роҳи рост ҳидоят кунад, дар акси ҳол айбҷўӣ мешавад ва қабули он ҷоиз нест.

Пўлотов К.И. – сармуаллими кафедраи

 ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

 ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like