Барзагове дар хам-хами…

Мо омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ андешаҳои Назарзода Носир Ҷобирро дар мақолаи “Барзагове дар хам-хами Файзобод” дастгирӣ менамоем. Қайд намудани ҳастем, ки ободии диёр, сулҳу оромии кишвар пеш аз ҳама аз иттифоқии мо сарчашма мегирад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои конститутсионии худ буда аз ҷониби давлат барои амали гардидани бевоситаи онҳо кафолат дода шудааст.

Ҷавонон ва хусусан аҳли зиё ҳамеша дар роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ пайваста дар роҳи омӯзиш бошанд чунки дар замони муосир ва шароити кунунии бархурди манфиатҳои баъзе шахсиятҳо амсоли Муҳидин Кабирӣ вазъият ҳаминро талаб мекунад, ки барои ба доми чунин шахсиятҳо наафтидан бояд дониши сиёсӣ, динӣ ва ҳуқуқии худро баланд бардорем.

Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дигар таъкид сохтанд, ки иттифоқӣ ва якҷоягӣ моро ба фатҳи қуллаҳои баланди мувафаққият бурда мерасонад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, мо мардуми тоҷик шукри сулҳу оромиро карда барои бунёди давлати демократӣ, соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд саҳмгузор бояд бошем ва нагузорем, ки чунин нохалафон бо нияти бад ва нопоки худ ба фазои ором ва осоиштаи кишвари маҳбубамон Тоҷикистон нооромӣ ворид гардонанд.

Изҳороти Очилова Ф. – сармуаллимаи кафедраи

 ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ

You might also like