Изҳороти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа нисбати ҳамлаи хоинон ба қисми ҳарбӣ

Мавриди тазаккур аст, ки хабари ҳамлаи гурӯҳи террористӣ ба сарҳади кишвари азизамон торҳои асаби мардуми Тоҷикистонро халалдор кард. Террористони нобакор бо мақсади нопок ба сарҳадбонон ҳуҷум намуда ба муқобилияти шадиди мақомоти дахлдор дучор гашта нобуд гардиданд. Муайян гашт, ки ин ҳамлаи марговарро пайравони “ДИИШ” ба анҷом расонида, мехостанд аз қисми ҳарбӣ тиру туфангро ба худ ба яғмо баранд. Хушбахтона нақшаву нияти онҳо барбод рафт.

Террористон огоҳ бошед, ки ҳар як чунин амали нагини онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ маҳкум гардида, чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Мо боварии комил дорем, ки нерӯҳои Тоҷикистон ҳаматарафа такомулёфта ва муҷаҳҳазгардонидашуда мебошад ва ҳамеша орому суботи кишвари азизамонро аз дасти нохалафон дифоъ карда метавонанд.

Аҳли устодони кафедраи иқтисодиёти

корхонаҳо ва минтақа ДДҲБСТ

You might also like