Кабирӣ муҳоҷиронро гумроҳ менамояд
Дар мусоҳибаи худ Кабирӣ оиди интихобот, парлумон ва иштироки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар интихобот фикру андешаҳои сарсарии иғвоангез баён намуданд.
Ба ақидаи М.Кабирӣ муҳоҷирони меҳнатӣ дар интихобот карда наметавонанд ва онҳоро ташвиқот кардан душвор аст. Албатта муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд ва ташкилоти ҷамъиятҳои тоҷикон, ки дар шаҳрҳои Русия онҳоро барои иштирок кардани дар интихобот фаъолият менамоянд. Бояд қайд кард, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ кӯшиш мекунанд, ки ҷавонони тоҷикро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ба манфиатҳои ғаразноку иғвогаронаи худ истифода баранд. Бо ҳамин мақсад ҳам Кабирӣ ба ном созмони “Паймони миллӣ” таъсис дод, ки мақсади он ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба тарафи худ истифода намудан мебошад. Ба андешаи Кабирӣ гӯё парлумон имрӯз ҳеҷ фаъолияти назаррас иҷро накардааст. Кабирӣ қайд мекунад, ки солҳое, ки ӯ дар парлумон вакил буд фаъолияти мақсаднок иҷро намуда дар муҳокимаҳо мунтазам иштирок менамуд. Бо чунин даъвоҳои иғвоангез Кабирӣ худро шахси оқилу доно тарошида дигаронро ки дар парлумон фаъолият доранд ба бефаъолияту бемасъулиятӣ айбдор намудааст. Бо чунин даъвоҳои пучу ғаразнок Кабирӣ кӯшиш намудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва махсусан ҷавононро ба сӯи худ ҷалб намуда онҳоро ба мақсадҳои нопоки худ истифода барад. Албатта даъвоҳои бемантиқу беасоси Кабирӣ ба он равона карда шудааст, ки дар раванди сиёсӣ мавқеи маккоронаи худро пойдор намуда диққати муҳоҷирон ва давлатҳои хориҷиро ба худ ҷалб кардан мебошад.
Мо боварӣ дорем, ки аксарияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик имрӯз ҷонибдори сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда онро дастгирӣ намуда дар раванди сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ