Баромадҳои подарҳавои Кабирӣ
Вақтҳои охир дар расонаҳои интернетӣ видеонаворе оиди андешаҳо ва хулосаи роҳбарияти Паймони миллӣ бо як блогери ба ном муқими Амрико паҳну парешон аст. Дар навори мазкур нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати сиёсии кишвар ва дигар ҳолатҳо ирсол гардида истодаанд.
Гўё ҳолат дар Тоҷикстон бисёр муташаниҷ буда, зисту зиндагонӣ дар сатҳи басо паст мебошад, озодона сухан баён карда наметавонанд, ба ҳаргуна баҳонаҳо сиёсатмадоронро ба маҳкама гирифтор менамоянд ва ҳоказою ҳоказо.
Дар баробари ин бо чунин амалҳои бардурўғ ҷаҳониёнро нисбат ба Тоҷикистон ба роҳи фиреб равона карда нисбати кишварамон тассавуроти манфӣ расонида истодаанд.
Воқеияти асл бошад тамоман дигар аст. Мардуми кишварамон дар ҳақиқат сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд. Инчунин, мардум сол аз сол саводнокии сиёсӣ баланд шуда истодааст.
Чунин қайд кард, ки наҳзатиён вақтҳои охир фаҳмида исотодаанд, ки ҳолат дар Тоҷикистон оромию осоиштагӣ фаро расидааст ва аз он рашк доранд. Намехоҳанд, ки мардуми осоиштаи тоҷик дар оромӣ ва ба пешравиҳои назаррас ноил шаванд. Чунки гуфтаҳои онҳо дар асл дурўғбудана онро аксарияти давлатҳои хориҷа фаҳмида онҳоро дастгирӣ кардан даст кашида истодаанд.
Шукри он мекунанем, ки Тоҷикистон рушд ёфта истодааст, дар арзаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати орому осоишта, амният ҳифзкунанда шинохта шуда истодааст. Вақтҳои охир аз кишварҳои хориҷа сафи сайёҳон зиёд гардида истодааст.
Сайёҳӣ низ яке аз муаррифгарӣ кишвар мебошад. Сайёҳон воқеияти аслро бо чашми худ ошкор дода, нисбати кишварамон тамоман таассуроти мусбӣ изҳор менамоянд.
Гуфтаҳои хоинон нисбати сиёсати кунунии давлату ҳукумат сад дар сад дуруғи маҳз буда, ягон ҷанбаи ҳақиқатро доро нест. Ин ҳамун методи баромадҳои Кабирӣ аст, ки мехоҳад сафи тарафдорони худро зиёд намояд.
Орипов А – н.и.и., дотсент, декани
факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ