Таъмини амният дар минтақа

Татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон дар оғози асри XXI ҷараён мегирад, ки равандҳо ва тамоюлоти он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоии кишвар ва мардуми мо таъсири амиқ ва рӯзафзун доранд ва хоҳанд дошт. Хатарҳои вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшатангезию ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои табииву техногенӣ ва мавқеъгириву таъсиррасонии на ҳама вақт мусбати абарқудратон барои Осиёи Марказӣ возеҳанд, зеро ин минтақа дорои сарватҳои бузурги ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва мавқеи геостратегию геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд.

Ин тамоюлоти асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои пайваста бо онҳо зарурати дарки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои глобалиро ба миён мегузоранд. Дар чунин шароит ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ ба хотири коҳиш ва рафъи хатарҳои асосии глобалӣ самти муҳимтарини амалиёти муштараки ҷомеаи башарӣ мебошад. Пешгирии оқибатҳои ниҳоят хатарноки тамоюлоти дигари рӯз, қабл аз ҳама “бархӯрди тамаддунҳо” низ аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст.

Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлолият, бахусус солҳои охир ин тамоюлоту равандҳо ва ҷиҳатҳои дигари муҳими ҷаҳони дар ҳоли тағйиру таҳаввули босуръатро мадди назар дошт ва пайваста кӯшиш дорад, ки манфиатҳои стратегии Ватан ва мардуми худро дар чаҳорчӯбаи сиёсати «дарҳои кушода» дар сатҳи шоиста таъмин намояд. Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ободиву осоиши Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз минтақаи даргир ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Баҳриддинов Ҳ.Б. – ассистенти кафедраи

технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like