Ғулом ҳоҷати сухан гуфтан надорад
Имрӯзҳо аз ҳаргуна шабакаҳои интернетӣ фикру ақидаҳои гуногуни роҳбарияти ТЭТ ҲНИ баназар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ташкилотро то ҳол пуштибонӣ мекунанад. Вале онҳо инқадар бемағзу ғуломтаиат шудаанд, ки то ҳол бо фикру андешаҳои бегонагон ва бадхоҳони миллату халқи тоҷик ақидарони менамояд. Чунки табиати ғулом ин танҳо иҷрои амри хоҷаи худ аст, хоҳ он ба манфиати хоҷа бошад, хоҳ ба зиёни халқу миллат дигар иродаи худро надорад бояд иҷро намояд.
Таърих худ инъикоскунандаи ҳамагуна зуҳурот ва ҷараёнҳои иҷтимоиву сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ мебошад. Инчунин дар саҳифаи худ тамоми ҳодисаҳову ҷараёнҳои гуногунро сабт намудааст. Аз ин лиҳоз мо ба охирҳои асри гузашта рӯ ба таърих меорем, ки дар ин давра дар Тоҷикистон хеле давраи бесарусомониҳо бо ташабусу кӯшишҳои аъзоён ва ташкилкунандагои ТЭТ ҲНИ ба миён омад. Онҳо аз вазъи ҳассосии сиёсати онвақта истифоданамуда, мардумро ба гирдиҳамоӣ ва дар охир ба гирдоби ҷанг кашиданд. Бари ин кори худ Исломи нобро сипари ҳадафҳои бегонагон истифода намуданд. Ин хиёнати ТЭТ ҲНИ на танҳо ба халқу миллати буд, балки ба исломе, ки моҳияти асосиаш онро инсондӯстиву инсонпарварӣ ташкил мекунад равона гардид. Чунки онҳо танҳо иҷрои амри Фиръавнҳои худро иҷро менамуданд на аз ислом хабар доштанду на аз халқу ватан.
Кабирӣ дар баромадҳои худ оиди интихоботи қарибалвуқӯъ сухан ронда, онро ба ришати таҳлил кашидааст. Гӯё дар Тоҷикистон меъёрҳои кунунии интихобот иҷро намегашта бошад. Дар раванди баргузории интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони созмонҳои бонуфзи байналмилалӣ бевосита иштирок менамоянд, оиди баргузории он назорат мекунанд ва дар бораи раванди интихобот маълумот медиҳанд. Дар даврони истиқлолият баргузории интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати хуқуқи – сиёсӣ шаффоф баргузор мегарданд ва онро созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баҳо мегузоранд.
Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – н.и.ф., дотсент мудири
кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ