Оғози даври дуюми курси тайёрӣ дар ДДҲБСТ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 02 феврали соли 2026 тибқи ҷадвали тасдиқгардида даври дуюми курси тайёрӣ оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курс муовини ректор оид ба корҳои таълим Дониш Фазлиддинзода, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, котиби комиссияи қабули донишгоҳ Анварбек Бобоев, инчунин мудири шуъбаи курсҳои тайёрӣ ва забонҳои хориҷӣ Дилором Ачилова иштирок намуда, бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳо суҳбату мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки машғулиятҳо дар синфхонаҳо, лабораторияҳо ва марказҳои муосири таълимӣ ба роҳ монда шуда, дарсҳоро устодони варзида ва соҳибтаҷриба мегузаронанд.
Ҳамзамон ба хатмкунандагон маводи муаррифӣ, аз ҷумла рӯзномаҳо, буклетҳо ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба ихтисосҳо ва раванди таҳсил дар донишгоҳ пешниҳод гардид.
Муовини ректор оид ба корҳои таълим Дониш Фазлиддинзода зикр намуд, ки барои муҳассилин дар донишгоҳ тамоми шароити зарурии таълимӣ фароҳам оварда шуда, биноҳои зебо ва муҷаҳҳаз бо техника ва лавозимоти муосир дар ихтиёри донишҷӯён қарор доранд.
Дар идомаи мулоқот иттилоъ дода шуд, ки барои донишҷӯёни фаъол Стипендияи раёсати донишгоҳ муқаррар гардида, ғолибони озмунҳо, олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ аз пардохти маблағи шартнома озод карда мешаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки омӯзиш дар курсҳои тайёрӣ дар доираи 5 кластер ба роҳ монда шуда, пас аз анҷоми таҳсил ба шунавандагон аз ҷониби раёсати донишгоҳ сертификатҳо тақдим мешаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









