ДДҲБСТ: Баргузории маҳфили илмию тарбиявӣ таҳти унвони “Аз  Сада  бедор мегардад баҳор”

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълон намуданд, ки ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешаванд.

Бахшида ба таҷлили Иди Сада 30 январи соли 2026 тибқи нақшаи китобхонаи илмӣ дар ҳамҷоягӣ бо устодони кафедраи таърих ва диншиносӣ, маҳфили илмию тарбиявӣ таҳти унвони “Аз Сада  бедор мегардад баҳор” доир гардид.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, миллати тоҷик бо дороии анъана, расму оин ва фарҳанги бойи қадим дар рушди тамаддуни ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст. Анъанаҳои неки мо ва ҷашнҳои миллии мо, ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада дар давраи тӯлонии таърихӣ дар тарғиби ахлоқ ва ҷаҳони руҳонии созанда нақши бузург бозидаанд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат онҳоро ҷашнҳои миллии расмӣ эълон намуданд, ки бо тантанаи хос таҷлил карда мешаванд.

Дар  рафти чорабинии мазкур  мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ, дотсент Манзура Ҳомидова  дар мавзуи “Иди Сада–мужда аз Наврӯз”, муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносӣ Умедҷон Қаҳоров оид ба  “Сада–ҷашни миллии тоҷикон”, китобдори китобхонаи илмӣ Шарофатхон Ҳасанова дар мавзуи “Сада – ҷашни мулуки номдор”, донишҷӯи курси 4-уми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Болтазода Қурбонсаиди Олимҷон дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар эҳёи фарҳанги қадимаи тоҷик” маърӯзаҳо ироа намуда қайд карданд, ки Сада на танҳо ҷашни миллӣ, балки қадргузорӣ ба фарҳанги тоҷикон дар тамоми давраҳо мебошад.

Ин расм ҳамчун рамзи дарки васеъ ва баланди зиндагӣ, имкониятҳои нав ва шукргузории мардуми заҳматкаш аз табиати афсункору заҳмати мардуми нусратшиор аст. Иштироки ҷавонон ва насли ҷавон дар чунин чорабиниҳо муҳим аст, зеро онҳо медонанд, ки барои сохтани оянда ва таҳкими ваҳдат чӣ қадар муҳим ва зарур ҳаст. Ҷашни Сада рамзи муносибати инсон ва табиат мебошад, мо бояд ин ҷашнро бо худшиносӣ ва ҳассосият таҷлил кунем, то ки арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дорем.

Баъди суханронӣ ва маърӯзаҳои пурмуҳтавои устодон аз ҷониби аъзоёни маҳфили “Дӯстдорони китоб” шеърҳо қироат гардиданд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

.

 

You might also like