Фариштаи сиёҳ
Аз мутолиаи фишурдаи баромади раиси Паймони миллӣ, ки дар сомонаи Паём.нет таҳти унвони “Бузургтарин хидмати як мақомдор ин аст, ки пулу моли давлатро надуздад” мақолаи мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки гуё Кабирӣ «фариштаи бегуноҳ» бошад. Аз ин қадар дуруғ гуфтан ва туҳмат кардан шарм надоштани Муҳиддин Кабирӣ шахсро ба ҳайрат меорад.
Ҳоҷат ба инкоркунии суханони Кабирӣ ҷой надорад, чунки ҳарчӣ ки аён аст ҳоҷат ба баён нест. Аз амалҳои нопок, ғаразнок, фитнангези Кабирӣ ва пайравонаш ҷомеаи Тоҷикистон хеле хуб огоҳанд. Барои чи Кабирӣ дар хусуси хоҷагони шиапарасташ чизе нагуфт, ба ҳодисаи соли 2015 ки дар Тоҷикистон рух дод равшанӣ наандохт. Барои он ки саҳми арзандаи боғаразона ва нопоки ў дар ин ҳодиса ҷой дорад ва бо мусоидати хоҷагони хориҷии Кабирӣ рух додааст. Кабирӣ барои он пули давлатро намедуздид, ки аллакай пули зиёди дар натиҷаи фурухтани мазҳаб ва миллати худ ҷамъ оварда буд. Кабирӣ тавонист, ки арзишҳои маънавии динӣ ва миллиашро барои расидан ба ҳадафҳои нопоку ғаразноки худ фурушад. Аз ин рӯ худро мисли фаришта ва ё мусичаи бегуноҳ гирифтанаш боиси хандааст.
Султонова А. – сармуаллимаи кафедраи
фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ