Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ДДҲБСТ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти расмӣ бо намояндагони Маркази фарҳангии ҳамкориҳои Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба таҳкими равобити байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг равона гардид.

Дар ин мулоқот роҳбари Намояндагии Маркази фарҳангии ҳамкориҳои Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Владимирович Патрушев ва ҳамоҳангсози Хонаи маданияти русӣ дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Сатторова иштирок намуданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ҳамроҳ бо муовинон ва масъулини сохторҳои дахлдори донишгоҳ ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳо дар самтҳои омодасозии мутахассисон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, баргузории конфронсҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба масъалаи дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ, тақвияти табодули таҷриба байни устодону донишҷӯён, инчунин ҷалби донишгоҳ ба лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки чунин мулоқот барои рушди фазои илмӣ ва фарҳангӣ, боло бурдани сатҳи рақобатпазирии муассисаи таҳсилоти олӣ ва густариши робитаҳои гуманитарӣ аҳамияти хос доранд. Ҳамзамон, имкониятҳои амалисозии лоиҳаҳои муштарак бо иштироки донишгоҳ ва сохторҳои фарҳангии Русия мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, рушди муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои нав дар доираи шарикии мутақобилан судманд изҳор намуданд. Ин мулоқот ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди устувори ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like