Кӯмак ба донишҷӯёни ниёзманд

Табақаи ниёзманди ҷомеа зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, онҳо дар ҳар иду айём бо кӯмаку ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Дар  хошияи сиёсати  инсонпарваронаи Сарвари давлат роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон донишҷӯёни ниёзмандро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Ба муносибати соли нави мелодӣ ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода 12 нафар донишҷӯёни ниёзмандро, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба соли нави мелодӣ табрик намуда, кӯмаки молиявӣ тақдим кард.

Зимни суҳбат роҳбари донишгоҳ онҳоро ба омӯзиши пайвастаи илму дониш, аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, забономӯзӣ ва такмили донишу малака ҳидоят кард. Донишҷӯён низ дар навбати худ барои дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки таҳсилашонро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, саҳмашонро дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат  мегузоранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like