Паём-роҳнамою раҳкушо
Дар таърихи инсоният рӯзу моҳҳои неке ҳаст, ки гӯё роҳи тайнамудаи онро муайян месозад. 16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Моҳҳо бо хосияти худ дар замири инсон рӯзҳои хубу хушро ба хотир меоранд. Моҳи декабр барои мардуми тоҷик моҳи мубораку фархунда аст, зеро дар ин моҳ тоҷикон ҷамъбасти солона ва муқоисаи пешрафтро аз солҳои минбаъда тақозо сохта, барои соли нави омадаистода дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро қабул менамоянд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххасро муайян месозанд.
Мо ба тариқи телевизион ва шабакаҳои иттилоотӣ аз вазъи ҷаҳони имрӯз огоҳем ва хуб медонем, ки вазъияти геополитикии ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнинтар мегардад. Вобаста ба ин масоил мардуми кишварро Роҳбари давлат ҳушдор сохтанд, ки ҳамеша маводи озуқаро барои чанд соли минбаъда таҳия намоянд.
Вазъи ҷаҳон нишон медиҳад, ки на ҳамаи кишварҳо нисбати ҳам андешаи солиму хайрхоҳ дорад. Таҷрибаи Тоҷикистон тавонист барои давлатҳои ҷангзада як нишондоди барҷастае гардад, зеро дар муддати нисбатан кӯтоҳ аз чунин вазъияти хунбор баромадани ватани мо таҷрибаи сулҳпарварии халқи тоҷик аст, вале ин давлатҳо ба мушкилоти бештаре печида дар арафаи аз даст додани истиқлолияти худ ё сулҳу салоҳ дар кишварашон мебошанд. Аз ин сабаб, таҷрибаи кишвари мо барои чунин мамлакатҳои ҷангзада ва дар ҳоли гузариш қарор дошта, хеле муҳим ба назар мерасад.
Таваҷҷуҳи Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти маориф аз рӯзи ба сари давлат омаданашон бесобиқа аст, зеро ҳар сол зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф ах он шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар Паёми хеш Роҳбари давлат тариқи мисол сохта шудан ва ба истифода дода шудани иншоотҳои соҳаи маорифу тандурустиро оварда, аз мардуми хайрхоҳ даъват ба амал оварданд, ки Тоҷикистонро боз ҳам пешрафтатару ободтар созанд, ки ин Ватани маҳбуби ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Гуфта шуд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад.
Имрӯз ватани азизамон бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масоили об ва ҳифзи пиряхҳо, эълони сулҳу субот чун кафили оромии минтақа аз кишварҳои дигар даъват ба амал оварда истодааст, ки доири ин масоил бетараф набошад. Мо бо Сарвари оқилу хирадманди хеш ба дастовардҳои азими пешрафти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил хоҳем гашт. Ва албатта мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон камари ҳиммат баста, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои пешрафту гулгулшукуфоии он заҳмат хоҳад кашид, то барои наслҳои минбаъда сарзамини ободу зебо ва пешрафтаро мерос гузорад.
Раҳматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ