Паём – муайянкунандаи рушди ҷомеа ва давлат

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Ин санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян намуда, вазифаҳои навбатиро барои Ҳукумат муқаррар намуд.

Дар Паёми соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими асосҳои рушди устувор, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ, рақамикунонии иқтисод ва рушди соҳаҳои калидии иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар Паёми хеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои калидии рушди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зикр карданд, ки таъмини рушди устувори иқтисод, саноатикунонии босуръат, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоягузорӣ аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Яке аз мавзуъҳои муҳими Паём масъалаи иҷтимоӣ мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маориф ва тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии осебпазир, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии ҷавонон ва занон аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ гардиданд. Президенти кишвар нақши ҷавононро ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа махсус таъкид намуда, онҳоро ба илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ҳидоят намуданд.

Дар Паём ҳамчунин ба масъалаи амният ва суботи ҷомеа диққати ҷиддӣ дода шуд. Таҳкими қонуният, мубориза бо коррупсия, пешгирии ифротгароӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асоси пешрафти давлат арзёбӣ гардид. Президенти мамлакат сулҳу суботро неъмати бузург шуморида, ҳифзи онро вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳисобиданд.

Ҳамин тариқ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи ҳамаҷонибаи рушди кишвар хизмат мекунад. Амалисозии ҳадафҳо ва вазифаҳои дар он зикршуда заминаи боэътимод барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ва фарҳангии давлат фароҳам оварда, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин менамояд.

 

Миралиева М.О. – ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

 

 

 

You might also like