Мулоқот дар партави Паёми Пешвои миллат

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли ҷорї ба Маҷлиси олӣ ироа гардид, кормандони соҳаи илму маорифи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрўз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо кураторони гуруҳҳои академї мулоқот доир гардид.
Дар чорабинї муовини ректор оид ба корҳои таълим Ҳаким Ғаюров таъкид дошт, ки дар таълиму тарбияи донишҷўён сарпарастони гурўҳҳои академї нақши муассир доранд. Танҳо бо назорати ҷиддї ва доимї дар самти донишазхудкунии донишҷўён, ҷалби онҳо ба китобхониву забономўзї шумо метавонед дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи ҷавонон саҳм гузоред. Таъкид шуд, ки рисолати мо – омўзонидан ва такмили донишҳо, дар рӯҳияи, ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуданиҷавонон мебошад.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мубина Хоҷаева зимни суханронї иброз дошт, ки ҳар яки мо нуктаҳои Паёми навбатии Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастї, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурўҳҳои ҷудоихоҳ миёни ўишрҳои ҷомеа саҳгузор бошем. Вазифаи ҷонии мо аст, ки насли ҷавонро дар роҳи ватандўстї, ифтихори миллї ва пос доштани арзишу муқаддасоти миллӣ тарбия намоем.
Роҳбарияти донишгоҳ аз роҳбарони гурӯҳҳо даъват ба амал оварданд, ки фаъолияти донишҷўёнро дар раванди машғулиятҳо, корҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто берун аз дарсҳо зери назорати доимї қарор диҳанд. Ҳолати буду боши ҳар як донишҷўи гурўҳашонро дар дарс, хобгоҳу ҷойҳои истиқоматиашон мунтазам назорат баранд. Мо омўзгорон танҳо бо омўзонидани илму маърифат, баланд бардоштани савияи забондонї ва омода кардани мутахассисонии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир метавонем насли созандаю содиқ ба халқу Ватан ва саҳмгузор дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатро тарбия намоем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like