Сайри хоинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Тундгароии мазҳабӣ, бо вуҷуди муқовимати зиёд, дар аксраи кишварҳои олам ва  мутассифона дар Осиёи Марказӣ авҷ ёфта истодааст.

Тундгароии мазҳабӣ- тундгароии динӣ  буда, ба як навъи василаи тарс додан ба мардум табдил ёфтааст. Онҳо бо роҳи зўроварӣ намудан ба мардум ва маълумотдиҳии бардурўғ хушдор медиҳанд, ки  ҳукумати қонунии баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хайрхоҳи мардум набуда, худи онҳо, яъне гурўҳҳои ифротӣ «наҷотдиҳанда»-и халқ мебошанд.  Ҳадафи аслии ифротгароии мазҳабӣ ин аст, ки тундравҳо дини худро асосӣ ва бартар аз динҳову ақидаҳои дигари мазҳабӣ мешуморанд ва мехоҳанд дар ҷомеа ин ақидаҳо бартарӣ дошта бошанд.

Роҳҳои мубориза бо тундгароиро мо дар чораҳои зарурӣ ҷиҳати фаъол намудани ақидаҳои миллӣ, таълиму тарбияи дуруст дар мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ ва шадидтар гардонидани қонунҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои зидди ифротгароиву терроризм мебошад.

Мубориза бо тундгароии мазҳабӣ дар интернет низ ривоҷ ёфтааст. Мунтазам дар шабакаи иҷтимоии ютуб наворҳои раҳбари Паймони миллии Тоҷикистонро дидан мумкин аст, ки дурўғи беасос буда, кўшишҳои беҳудаи хоинони Ватан мебошад. Ифротгароён мехоҳанд дар фазои иттилоотӣ ҷои муносиби худро дарёфта бошанд. Лек ба ин аксари давлатҳои ҷаҳон зид ҳастанд. Масалан, танҳо дар дар Қазоқистон бештар аз 50 саҳифаи интенетиро барои таблиғи тундгароии мазҳабӣ ва терроризм бастанд.

Бинобар ин, ҳамаи ин ҳодисаҳо моро хушдор месозад, ки мо тоҷикон, ки мусулмон ҳастем ва хамчун миллат сохиби давлати худ мебошем, ғайр аз мзҳаби Имоми Аъзам дигар равияхоро напазирем ва миллатро мукаммал нигох дорему барои амнияти ў ҳамеша омода бошем.

Изҳороти устодони кафедраи фанҳои риёзӣ-

табаитшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like