Қадршиносии ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ дар ДДҲБСТ

30 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо баргузории чорабинӣ ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ муайян ва қадршиносӣ шуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода баромад намуда, зикр кард, ки соли сипаригардида барои Донишгоҳ соли саршор аз дастоварду комёбиҳо дар ҳамаи самтҳо ба ҳисоб меравад. Мавсуф таъкид намуд, ки бо дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар донишгоҳ фазои созанда фароҳам гардида, таҳкими сифати таълим ва рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти илмӣ ба роҳ монда шуд.
Ректори донишгоҳ ҳамчунин иброз дошт, ки дар соли гузашта омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол», инчунин як қатор озмунҳои соҳавӣ, олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ва ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.
Ғолибияти омӯзгорону донишҷӯён далели фароҳам будани шароити муосири таълим, заҳмати пайвастаи устодон, сатҳи баланди дониш ва тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон мебошад. Ин дастовардҳо нуфуз ва мавқеи Донишгоҳро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар боз ҳам баланд бардоштанд.
Дар идомаи суханронӣ Шероз Мӯминзода зикр намуд, ки соли оянда барои Донишгоҳ марҳилаи нави масъулият ва имкониятҳо хоҳад буд ва бо муттаҳидӣ, ҳамкории созанда, интизоми меҳнат ва масъулиятшиносӣ метавон мавқеи Донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҷиҳати ворид шудан ба ТОП–1000, боз ҳам таҳким бахшид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба омӯзгороне, ки корҳои илмии номзадӣ ва доктории худро бо муваффақият ҳимоя намудаанд, дипломҳои дараҷаҳои илмӣ супорида шуданд.
Ҳамчунин ғолибони озмунҳои донишгоҳии «Сарпараст (куратор) ва гурӯҳи беҳтарин», «Омӯзгори намунавии сол», «Кафедраи беҳтарин» ва «Факултети беҳтарин» бо маблағҳои пулӣ, диплом, шаҳодатнома ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Чорабинӣ бо барномаи рангини адабиву фарҳангӣ анҷом ёфт.

 

                                                                                               Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like