Баргузории семинари илмии байналмилалӣ дар мавзуи «Омӯзиши экология ва ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон»

Имрӯз, 29 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Омӯзиши экология ва ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон» бо иштироки олимон, устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Семинар бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, профессор Ризозода Т.Р. оғоз гардид. Мавсуф зимни баромади худ аҳамият ва мақсади баргузории семинарро шарҳ дода, нақши чорабиниҳои илмии байналмилалиро дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди тафаккури экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, директори Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия, профессор Акмалова М.А. дар суханронии худ таъкид намуд, ки омӯзиши илми экология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст. Зикр гардид, ки масъалаҳои вобаста ба обу иқлим имрӯз дар меҳвари мушкилоти экологӣ қарор дошта, ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим аҳамияти махсуси илмӣ ва амалӣ доранд. Ин ташаббусҳо ҳамчун иқдомҳои инсондӯстона ва экологӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини некуаҳволии башар заминаи боэътимод мегузоранд.
Дар идома, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Саидзода Ш.Ш. оид ба вазъи кунунии экология ва роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ маърӯза намуд. Мутахассиси Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия, ассистенти кафедраи таърих ва диншиносӣ Мирзохоҷаева У.М. дар бораи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист баромад кард.
Ҳамчунин, донишҷӯи факултети сиёсатшиносӣ Иброҳимова Машҳура дар мавзуи мушкилоти захираҳои обӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо суханронӣ намуда, аҳамияти истифодаи оқилонаи захираҳои табииро таъкид кард. Донишҷӯ Боқизода Қурбонсаид бошад, масъалаи баланд бардоштани маърифати экологиро дар байни ҷавонон ҳамчун омили муҳими ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар фарҷоми семинар доир ба масъалаҳои баррасишуда миёни иштирокчиён ва маърӯзакунандагон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои судманд сурат гирифт. Иштирокчиён баргузории чунин семинарҳои илмиро барои густариши донишҳои экологӣ ва таҳкими масъулияти иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

  Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like