ДДҲБСТ: Натиҷагирии фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ
20 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шероз Мӯминзода ҷаласаи васеи Шӯрои сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз ректори Донишгоҳ вобаста ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, махсусан дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки маориф ва илм ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ омили муҳимтарини таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ аз гаравиши баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки сатҳи пасти дониши диниву дунявӣ, сиёсӣ ва норасоии тафаккуру шуури иҷтимоӣ метавонад боиси чунин падидаҳои номатлуб гардад. Таъкид шуд, ки чунин амалҳо ба нуфуз ва шаъну шарафи давлат, миллат таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар идома зикр гардид, ки сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ бояд ҷиҳати тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ тадбирҳои мушаххаси амалӣ андешанд. Ҳамчунин, роҳнамоии донишҷӯён ба ҳаёти солим, фаъолияти созанда, омӯзиши илмҳои муосир ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгаро аз вазифаҳои муҳими фаъолияти тарбиявӣ арзёбӣ гардид.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Норматова оид ба рафти иҷрои корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳ маълумот дода, ба дастовардҳо, мушкилот ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Зимни ҷаласа ректори Донишгоҳ Мӯминзода Ш. ба сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супориш дода, онҳоро вазифадор намуд, ки назорати мунтазами давомоти донишҷӯёнро таъмин намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани имтиҳонҳо, баланд бардоштани сатҳи донишҳои тахассусӣ ва забондонии донишҷӯён, инчунин пешгирии қоидавайронкунӣ ва зуҳуроти ҷинояткорӣ тадбирҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа чанде аз сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ ва донишҷӯён пешниҳоду андешаҳои худро ҷиҳати такмили раванди таълим ва тарбия баён намуданд. Ректори Донишгоҳ пешниҳодҳои судмандро ҷонибдорӣ намуда, ба масъулин барои амалӣ гардонидани онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



