Ташрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик ба ДДҲБСТ
Имрӯз, 18 декабри соли 2025 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик бо сафари корӣ ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф овард. Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода Сонг Шикро ҳамроҳи гурӯҳи корӣ бо самимият пешвоз гирифта, оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ бо дастовардҳо, инфрасохтор ва имкониятҳои таълимиву илмии донишгоҳ ошно намуд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбари донишгоҳ муҳимтарин самтҳои ҳамкории ҷонибҳоро қайд карда зикр намуд, ки Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея робитаҳои фаъоли илмӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондааст. Барномаҳои муштараки омӯзишӣ, курсҳои забони кореягӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба тавсеаи муҳити омӯзиши забон мусоидат намуда, ба донишҷӯён имконият доданд, ки бештар ба фазои забони кореягӣ ҷалб шаванд.
Зимни боздид Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея Ҷон Сонг Шик бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот анҷом дода, аз Гӯшаи Кореяи назди Донишгоҳ дидан намуданд.
Бояд зикр кард, ки соли 2024 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид. Дар асоси шарномаи мазкур дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони кореягӣ ифтитоҳ ёфтааст, ки ба густариши ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ мусоидат менамояд. Давоми фаъолияти яксолаи худ зиёда аз 100 нафар донишҷӯён аз омӯзгори соҳибзабон дар бораи фарҳанг ва маданияти Корея маълумот гирифтанд, забони кореягиро омӯхта, соҳиби сертификат гаштанд. Бояд қайд намуд, ки дар муҳлати зикргашта Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 маротиба ба донишгоҳамон ташриф оварда, як нафар намояндаи раёсати Донишгоҳ, Комилҷон Шарипов- сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмиллалӣ моҳи ноябри соли 2024 ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, ҷиҳати иштирок дар барномаи байналмилалии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ сафарбар карда шуд. Айни замон якчанд донишҷӯён – хатмкунандагони барномаи омӯзиши забони кореягӣ соҳиби сертификат шуданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории созанда изҳор карданд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳ ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Корея миннатдорӣ баён карда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд таъкид намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



















