ДДҲБСТ: Оғози баргузории озмун барои дарёфти Стипендияи раёсати донишгоҳ

11 декабри соли 2025 бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва  тақвият бахшидани донишҳои тахассусиву сиёсии  донишҷӯёну магистрантон ва докторантони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  даври ниҳоии озмуни Стипендияи раёсати донишгоҳ оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи кори озмун ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирок намуда, баргузории чунин озмунҳоро дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос унвон кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд бо илму дониши қавӣ, ақлу заковат, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдомҳои бунёдкорона, касбу ҳунари воло ва бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоранд.

Ректори донишгоҳ аз ҳайати комиссияи озмун даъват ба амал овард, ки  ба таъмини шаффофият дар баҳогузорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Тибқи нақша озмун ду рӯз давом карда, дар он 99 нафар донишҷӯён – ғолибони даври аввал аз ҳама факултетҳои донишгоҳ, шуъбаҳои магистратура ва  литсейи назди донишгоҳ ширкат меварзанд. Аъзои комиссия аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, дониши сиёсию ҳуқуқӣ, донишҳои тахассусӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба довталабон баҳогузорӣ менамоянд.

Озмуни барои гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ баҳри дарёфт ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантон ва докторантон, ки давоми таҳсил ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд ва бо фаъолияти хеш дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи донишгоҳ ҳиссагузорӣ менамоянд, таъсис дода шудааст.

Тибқи муқаррароти низомнома, нахуст озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ пешниҳод шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like