Иштироки кормандону устодони донишгоҳ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ
Рӯзҳои 27–28 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи «Сарбон»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси байналмилалии «Дурнамои рушди таҳсилоти олӣ» ва Форуми «Дастрасӣ ба иттилооти илмӣ ва фаъолияти нашриявӣ» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш мудири маркази грантҳо ва лоиҳаҳои ДДҲБСТ Маҳмудов Абдураҳмон иштирок намуда, оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва иштирок дар лоиҳаҳои Erasmus+ маърӯза намуд. Дар форум масъалаҳои рақамикунонӣ, раванди Болония, нашрияҳои илмӣ ва нақши китобхонаҳо дар ташаккули хизматрасониҳои иттилоотии муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Ғолиб Санавварзода дар Форуми байналмилалии “Таъмини қонуният дар шароити муосир”, ки 28–29 ноябри соли 2025 дар Академияи ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Зимни баромади худ Ғолиб Санавварзода доир ба мавзуи “Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират: масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ” суханронӣ карда, паҳлӯҳои муҳими сиёсати ҳуқуқӣ ва зарурати такмили механизмҳои танзимро шарҳ дод.
Иштироки устодон ва кормандони донишгоҳ дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ амалӣ шуда ба таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти иқтидори илмию эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
