ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишавии сиёсати “дарҳои боз” таъмин карда шуда, аз ҷониби ҳукумати давлат сиёсати хориҷии устувор барои таҳкими амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва эътирофи байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Дар ин радиф Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди мазкур нақши калидӣ бозида, принсипҳои стратегии сиёсати хориҷиро муайян карданд, ки дорои хусусияти ошкоро, эҳтироми мутақобила, ҳамкориҳои бисёрҷониба ва садоқат ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии Президенти мамлакат низоми бисёрсатҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкории фаъол бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиё бунёд гардид. Ба шарофати ин равиши системавӣ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таҳкими суботи минтақавӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва рушди устувор нигаронида шудааст.
Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим буда, аз солҳои 2000-ум инҷониб аз ҷониби Сарвари давлат як қатор қарорҳо ва барномаҳои байналмилалӣ, ки ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об вобастагӣ доранд, амал намуда истодаанд.
Ташаббусҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид инҳоянд:
– Соли байналмилалии оби тоза (2003), ки аз ҷониби Тоҷикистон оғоз шуда ва аз ҷониби СММ дастгирӣ шудааст;
– Даҳсолаи байналмилалии амал, “Об барои ҳаёт” (2005–2015);
– Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба дипломатияи об (Душанбе, давраҳои мунтазам);
– Даҳсолаи байналмилалии амал, “Об барои рушди устувор” (2018–2028).
Ин ташаббусҳо мақоми Тоҷикистонро ҳамчун маркази байналмилалии дипломатияи обӣ тақвият дода, ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои истифодаи устувори об, тағйирёбии иқлим ва амнияти экологӣ мусоидат карданд.
Бояд ҳамин нуктаро зикр намуд, ки ташаббуси Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат оид ба арзёбӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ дар минбари Созмони миллали муттаҳид дар шакли Даҳсолаи амалиёти «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018–2028» яке аз ташаббусҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус бар он асос ёфтааст, ки об дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва хушк (аз ҷумла Осиёи Марказӣ) ҳамчун маводи стратегӣ – манбаи оби ошомиданӣ, гидроэнергетика ва кишоварзӣ – дар заминаи тағйирёбии иқлим таҳдиди ҷиддӣ дорад. Таҷрибаҳои татбиқи сиёсати ҳамоҳангсозӣ миёни кишварҳо нишон доданд, ки амалишавии ҳадафҳои бехатарии об ва санитария бе механизми қавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ имконнопазир аст. Дар доираи ин ташаббус Тоҷикистон мизбони конфронсҳо ва чорабиниҳо, ҳамзамон пешниҳодкунандаи сатҳи баланд дар Ассамблеяҳои СММ-ро ҷараён дод. Ҳадафи амалии ташаббуси мазкури Ҷаноби Олӣ ин ворид сохтани масъалаи об ба маркази қарорҳои сиёсӣ, мусоидат ба мубодилаи маълумотҳои гидрологӣ ва сармоягузории устувор ба инфрасохтор барои нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мебошад.
Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо низ масъалаи фаврӣ барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Пиряхҳо ҳамчун анборҳои об миқдори ҷараёнҳои дарёҳоро дар фаслҳои гуногун таъмин мекунанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва дар конфронсҳои байналмилалӣ барои эълони соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва пуштибонӣ аз Даҳсолаи амалиётӣ барои илмҳои пиряхшиносӣ (2025–2034) равияи интегратсионии илмӣ-ташкилиро пешниҳод кардаанд. Аз ҷиҳати методологии тадқиқот, ин ташаббус унсурҳои зеринро бояд фароҳам оварад:
1) сохтмони шабакаҳои муштарак барои мониторинги гидроклиматӣ ва геоинформатсионӣ;
2) рушди моделҳои пешгӯии обшавӣ ва таъсири он ба таъмини оби ошомиданӣ ва гидроэнергетика;
3) барқарорсозии иқтидори илмӣ-таҳқиқотии минтақавӣ тавассути марказҳои минтақавӣ ва барномаҳои таҳсилоти олии такмилии касбӣ.
Амалишавии омилҳои зикршуда метавонад ба таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ва коҳишдиҳии хавфҳо дар сатҳи миллию минтақавӣ мебошад.
Агар ташаббусҳои асосии Пешвои миллатро дар минбари Созмони миллали муттаҳид ироа намоему онро дар намуди тасвир ҷой диҳем, он шакли зеринро мегирад:
Ҷадвали 2. – Ташаббусҳои Пешвои миллат дар Созмони миллали муттаҳид
| Ташаббус | Моҳият ва мақсад |
| Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор дар давраи солҳои 2018-2028” | Дастгирии ҷаҳонии муаммоҳои об: даъват ба фаъолияти ҳамаҷониба, мониторинги захираҳои обӣ, сармоягузорӣ ба инфрасохторҳои обӣ |
| Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо | Даъват барои эълон кардани соли 2025 – Соли ҳифзи пиряхҳо барои ҷалби диққати аъзоён ба обшавии пиряхҳо ҳамчун захираи обӣ ва мавҷудияти хавфҳои иқлимӣ |
| Рўзи байналмилалии пиряхҳо | Дар чаҳорчўбаи ташаббус оид ба ҳифзи пиряхҳо 21 март ҳамчун Рўзи умиҷаҳонии пиряхҳо эътироф шуд |
| Ташкили фонди трастии СММ барои ҳифзи пиряхҳо | Ташкили фонди махсуси СММ барои маблаѓгузории чорабиниҳо оид ба ҳифз ва таҳқиқоти пиряхҳо |
| Даҳсолаи амал барои илми пиряхшиносӣ барои солҳои 2025-2034 | Дар якҷоягӣ бо Франсия ташаббус барои таҳқиқоти пиряхҳо ва дастгирии ҳамкориҳои байнидавлатӣ барои ҳифз |
Дар қатори ташаббусҳои овардашуда, ҳамчунин як қатор пешниҳодҳо ва даъват барои ҳамкорӣ аз ҷониби Сарвари давлат пешкаш шудааст, ки то имрўз амал карда истодааст.
Президенти мамлакат ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкиди зиёд мекунанд ва аз ин нукта ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Тоҷикистон ба иштирокчии фаъоли равандҳое табдил ёфтааст, ки ба таҳкими эътимод, беҳтар кардани ҳамкории фаромарзӣ ва рушди тиҷорати минтақавӣ нигаронида шудаанд. Лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, аз ҷумла рушди гидроэнергетика аҳамияти хоса доранд, ки ба таъмини устувори энергияи тоза дар минтақа мусоидат мекунанд.
Умуман ҳамасола ташаббусҳои мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ афзоиш ёфта истодааст, ки ҷадвали зерин гувоҳи гуфтаҳост:
Ҷадвали 1. – Ташаббусҳои байналмилалли Ҷумҳурии Тоҷикистон
| Солҳо | Шумораи ташаббусҳо |
| 2003 | 1 |
| 2005 | 2 |
| 2010 | 3 |
| 2015 | 4 |
| 2018 | 5 |
| 2023 | 6 |
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Тоҷикистон дар сохторҳои байналмилалӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон мунтазам дар форумҳои ҷаҳонӣ оид ба амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, муҳоҷират, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист иштирок мекунад. Ҳамкорӣ дар доираи СҲШ ва СААД ба таҳкими амнияти дастаҷамъӣ мусоидат мекунад, дар ҳоле ки шарикӣ бо СММ имконоти кишварро барои татбиқи барномаҳои дарозмуддати рушди миллӣ васеъ мекунад.
Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ бунёдӣ ва стратегӣ мебошад. Ташаббусҳои ӯ ба Тоҷикистон имкон доданд, ки нуфузи байналмилалии худро тақвият диҳад, дар равандҳои ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол кунад ва платформаи устувори сиёсати хориҷиро таҳия намояд.
Саҳми Президенти кишвар дар самти ҳамгироии иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори минтақавӣ низ хело назарраст аст. Алалхусус, таҳия ва амалисозии долонҳои нақлиётӣ дар доираи созишҳои минтақавӣ, иштирок дар лоиҳаи энергетикии CASA-1000, ташаккул ва рушди ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд. Бо боварӣ қайд менамоем, ки ин ташаббусҳо ва иқдомҳои Ҷаноби Олӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя ва беҳбудии робитаҳои савдои байналмилалӣ такони бузург дода истодааст.
Боиси зикр аст, ки 1 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай-плюс” таҳти унвони “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат дар суханронии худ нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳо ва намояндагони воломақоми созмонҳои иштирокдорро ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.
Умуман, бо тавассути фаъолияти босамари байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор, сулҳсоз ва ҷонибдори рушди устувор эътироф шудааст. Иқдомҳои ӯ дар самти ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ ва густариши дипломатияи фарҳангӣ мавқеи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат на танҳо Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карданд, балки барои рушди устувор, амният ва ҳамгироии минтақа ва ҷаҳон таъсири муҳим гузоштанд. Пешвои миллат ҳамчун шахсияти дорои нуфузи байналмилалӣ имрӯз дар ҳаллу фасли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми назаррас доранд.
Ризозода Т.Р. – д.и.и., профессор, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ