Муаррифии асарҳои Пешвои муаззами миллат бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи эҳтиром ва садоқати миллати тоҷик” ва “ Иҷлосияи такдирсоз – таҷрибаи нодир дар роҳи таъмини сулҳ”дар ДДҲБСТ
Арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, ифтихор аз он пайвандгари наслҳои гузашта ва имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад. Арзиши таърихии асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки он паҳлуҳои мухталифи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳёи хотираи таърихии тоҷиконро дар оинаи таърих инъикос намудааст.
Оғоз аз 11 ноябри 2025 тибқи нақшаи ҳафтаинаи китобхонаи илмии донишгоҳ, ба хотири ташвиқу тарғиби ҷавонону донишҷӯён ба омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи эҳтиром ва садоқати миллати тоҷик ” ва “ Иҷлосияи такдирсоз – таҷрибаи нодир дар роҳи таъмини сулҳ” кормандони китобхонаи илмӣ тасмим гирифтаанд, ки муаррифии асарҳои Пешвои муаззами миллат, инчунин муаррифии адабиёти тозанашрро доир ба ихтисоси донишҷӯён ташкилу баргузор намоянд.
Дар ҳамоиш устодон ва донишҷӯёни факултетҳо фаъолона иштирок намуданд, зеро осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад.
Мақсад аз баргузор намудани намоиши китоб ин муаррифии бештари асарҳои Пешвои миллат миёни донишҷӯёну толибилмон мебошад, зеро андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд..
Хурсандиовар аст, ки зимни муаррифии асарҳои Пешвои миллат донишҷӯён ба саволҳо, ҳамчун донандаи асарҳои мазкур ҷавобҳои мушаххас доданд.
Асарҳои Пешвои миллат дурнамоест, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои тақвияти ватанпарастиву кишвардорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда равона гардидааст.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











