ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАМЗИ ВАҲДАТУ САРБАЛАНДИИ ТОҶИКОН!

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рузи Президент пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ гомҳои фароху фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.

Тоҷикистонро имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем. Дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст.

Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд.

Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.

Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 33 сол пеш дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад.

Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.

Имрӯз кишвари азизи мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба маркази чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. Тавассути хизматҳои шоиста дар назди халқу ватан сохтори фалачгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбонии сарҳадро таъсис доданд. Фароҳам гардидани чунин шароит барои гузаштани кишвар ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Академикону олимон, ҳуқуқшиносону адибон ва сиёсатмадорон дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат – Президенти сулҳофар ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ”, “Мактаби давлатдорӣ ва санъати идоракунии Пешвои миллат”, “Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун Пешвои миллат: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии масъала” ва ғайраҳо мақолаҳо навишта, мақом ва нақши Пешвои миллатро дар пойдории сулҳу суббот ва якпорчагии кишвар хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, нерӯҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.

Абдуллоева А.Т. – н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

 

 

 

 

 

 

You might also like