Оғози мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни дастаҳои омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода иштирок намуда, бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Ӯ ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии ин санаҳои муҳим ва мубораки миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат, соҳибистиқлолӣ ва ифтихори миллии мардуми кишвар мебошанд.
Шероз Мӯминзода таъкид намуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, боло бурдани сатҳи фаъолиятҳои ҷисмонӣ ва таҳкими ҳамбастагии байни устодону донишҷӯён аҳамияти калон дорад. Ӯ ҳамзамон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш боиси рушди ҳамаҷонибаи ин ҷабҳаи ҳаёти ҷомеа гардидааст.
Баъди суханронии ифтитоҳӣ, бозии аввал миёни дастаи омӯзгорон ва дастаи донишҷӯён оғоз ёфт, ки дар фазои дӯстона ва бо риояи қоидаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Тибқи нақша, мусобиқаҳо дар чанд марҳила идома ёфта, дар анҷом дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин бо ҷом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар ДДҲБСТ ҳадаф дорад, ки миёни ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои давлатдории тоҷиконро тақвият бахшад ва ҳамзамон муҳити дӯстонаву солимро дар ҷомеаи донишгоҳӣ мустаҳкам созад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like