Семинар – тренинги навбатии такмили ихтисоси омӯзгорон дар ДДҲБСТ
Бо иқдоми директори Барномаи байналхалқии “Инсоншиносӣ”-и Донишгохи Осиёи Марказӣ Абдулмамад Илолиев ва дастгирии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дотсент Шероз Мӯминзода санаҳои 8 – 9 ноябри соли 2025 семинар- тренинг дар мавзуи «Зан ва ҷомеа» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ба ҳайси тренер мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Абдураҳим Ҷӯраев, муттахасиси Барномаи «Инсоншиносӣ» Обидхон Қурбонхонов, ҳамоҳангсози лоиҳаи ТҶШ-и Донишгохи Осиёи Марказӣ Икром Абдуллоев, муаллими калони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Махкамбой Каримов иштирок карданд.
Ректори ДДҲБСТ, дотсент Шероз Мӯминзода семинарро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни семинарро аз кӯшишҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳкрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳким бахшидани нақши зан дар ҷомеа хотиррасон намуд. Ӯ иброз кард, ки баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва ҷалби бонувон дар корҳои идораи давлатӣ аз масъалаҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки дар ҷомеаи озоду демократии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дастгирии давлатии занону бонувон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат қарор гирифта, то имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Шероз Мӯминзода таъкид намуд, ки баргузории чорабинии мазкур дар баланд бардоштани дараҷаи тахассусии омӯзгорон ва беҳтар гаштани сифати таълим мусоидат мекунад.
Дар семинар иштирокчиён оид ба мақоми зан дар рушди ҷомеаи муосир, нақши ӯ дар оила, илму фарҳанг, иктисодиёт ва сиёсати давлатӣ андешаҳои худро иброз намуда, мубодилаи афкор баргузор карданд,
Дар семинар – тренинг ҳамчунин омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ аз ДДҲБСТ ва ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, ба шарофати он 35 нафар омӯзгорон маҳорати касбии худро баланд бардошта, соҳиби сертификат гаштанд.
Баргузории чорабинии мазкур бозгӯи он аст, ки робитаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо “Барномаи Инсоншиносӣ”-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ рӯз аз рӯз тақвият ёфта, минбаъд низ самараҳои назаррас хоҳад дод.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











