Ватанфурўхтагон

Тоҷикистони азизи ба ҷон баробари мо  дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлатӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва осуда байни зиёда аз 192 мамлакатҳои дунё шинохта шудааст ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.  Барои ба даст овардани чунин давлати биҳиштосо  фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта,  чанд маротиба бо намояндагони мухолифин вохӯрда,  бо онҳо машварат намуд, то ки сулҳ доимо пойдор бошад. Имрўз аксари созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омўхта, дар ҳалли муноқишаҳои дохилии дигар гӯшаҳои  ҷаҳон истифода мекунанд ва дар ин асос сулҳу осоишро дар олам тарғиб менамоянд. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён бо сулҳи тоҷикон аз он далолат мекунад, ки миллати тоҷик дар масири таърих сулҳовар буд ва чунин мемонад.

Ҳоло осмони  Тоҷикистон беғубор, мардумаш бонангу номус бо меҳнати ҳалоли худ зиндагӣ ба сар бурда истода, хоҷагии халқ рўз аз рӯз рушд карда истодааст,  аммо шахсони алоҳида ва  ҳизбҳое ҳастанд,  ба монанди ХНИ  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ,  ки хоҳони тинҷӣ ва осоиштагии миллат набуда, сиёсати сулҳпарвари Ҷаноби Олиро пешпо дода, мехоҳанд дар мамлакат нооромӣ барпо кунанд ва ба мақсадҳои ғаразноки худ ноил гарданд.  Чунин гуруҳу  ҳизбҳои ғаразноку беимон дар сар то сари олам амалҳои ношоистаро ташкил намуда истодаанд.

Мо – устодон, равшанфикрон, шахсони бомаданияту соҳибмаърифат, намояндагони илму фарҳанг бояд дар паҳлӯи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,  Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истода, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода,  сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давлатро тарафдорӣ намоем  ва  Тоҷикистонро  ободу гулгулшукуфон кунем, мутахассисони баландихтисос тайёр намуда, барои ҳимояи Модар-Ватан тарбия намоем.

Мо -шаҳрвандони соҳибмаърифати Тоҷикистон намегузорем, ки  ватанфурўхтагон ба осмони софу беғубор, дили беғашу покизаи кўдакон, ормони волидайн, ҷавонони боирода-ояндаи Тоҷикистон бадӣ ва бадхоҳӣ намоянд.

Атоева М.М. – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ 

 

 

 

 

You might also like