Дар ДДҲБСТ вохӯрӣ ҷиҳати тақвияти забономӯзӣ баргузор гардид
7 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии корӣ таҳти унвони «Тақвияти забономӯзӣ – омили рушди дониш ва муносибатҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода, муовинони ректор, роҳбарони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва намояндагони воҳидҳои сохтории донишгоҳ иштирок намуданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ муҳокимаи роҳҳои амалии татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими раванди забономӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода таъкид намуд, ки забон яке аз унсурҳои муҳими худшиносӣ ва рушди шахсият буда, донистани забонҳои хориҷӣ барои мутахассисони ҷавон, бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология, аҳамияти бузург дорад.
Ӯ зикр кард, ки донишгоҳ бояд барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи забонӣ миёни донишҷӯёну устодон муҳити мусоид фароҳам оварад ва барномаҳои нави таълимиро дар ин самт роҳандозӣ намояд.
Сипас, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунии таълими забонҳо, мушкилот ва имкониятҳои мавҷуда ҳисобот дода, як қатор пешниҳодҳоро оид ба такмили барномаҳои таълимӣ, ҷалби устодони соҳибтаҷриба ва истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, аз ҷумла истифодаи технологияҳои рақамӣ ва курсҳои онлайнӣ ироа намуд.
Ҳамчунин, сардори раёсати робитаҳои бвйналмилалии донишгоҳ дар бораи таҷрибаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва имкониятҳои барномаҳои табодули донишҷӯён сухан карда, зарурати таҳкими ҳамкорӣ бо марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро таъкид намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён вобаста ба роҳҳои афзун намудани ҳавасмандии донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъсиси курсҳои иловагӣ, баргузории озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ ибрози андеша карданд.
Дар анҷом, ректори донишгоҳ ба воҳидҳои сохторӣ супориш дод, ки барои татбиқи босамари барномаҳои забономӯзӣ нақшаи мушаххас таҳия намуда, иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дода шавад.
Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон минбаъд низ баҳри рушди забономӯзӣ ва боло бурдани сатҳи дониши забонӣ миёни донишҷӯён ва устодон тадбирҳои муассир меандешад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








