Табрикоти Ректори ДДҲБСТ Шероз Мӯминзода ба муносибати 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони азиз, донишҷӯён ва кормандони гиромӣ!

Бо ифтихору сарфарозӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — санади тақдирсози давлати соҳибистиқлоламон, табрик мегӯям!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пояи мустаҳками ҳуқуқии давлатдории миллӣ ва таҷассумгари орзую ормонҳои мардуми сулҳдӯсту адолатпарвари мо мебошад. Ин санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, заминаи устувори рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро фароҳам овардааст.
Дар тӯли се даҳсолаи гузашта бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсия ҳамчун кафили сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлатдорӣ хидмат намудааст. Маҳз ба шарофати он имрӯз Тоҷикистон дар самтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Мо бояд ба сифати ҷонибдорони қонун ва татбиқкунандагони сиёсати давлатӣ, дар роҳи таҳкими пояҳои ҳуқуқбунёди кишвар, тарбияи шаҳрвандони худогоҳу ватандӯст ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо боварии комил изҳор медорам, ки донишҷӯёну омӯзгорон ва тамоми кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо масъулияти баланд ва садоқат ба арзишҳои конститутсионӣ барои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саъю кӯшиш менамоянд.
Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳидоятгари роҳи ободиву пешрафт ва ваҳдату сарҷамъии халқи шарафмандамон бошад.
Бори дигар Шуморо ба ифтихори ин санади сарнавиштсоз табрик намуда, бароятон саломатии комил, пирӯзиву бурдборӣ ва комёбиҳои рӯзафзун таманно менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

You might also like