ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Иттилоотонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ»
01 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Иттилоотонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ”, бахшида ба солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимони варзида, устодони донишгоҳ, меҳмонон аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олии сатҳи вилоят ширкат варзиданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризозода Тӯра баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро хайрамақдам гуфт. Ӯ иброз дошт, ҷомеа ва рушду нумӯи он пеш аз ҳама ба сиёсати ҳуқуқии кишвар пайвастагии зич дорад. Аз ин рў, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда бояд ҳаматарафа ҷавобгўи талаботи ҷаҳони муосир бошанд ва ба ин раванд мусоидат кунанд.
Имрўзҳо сиёсати давлат ба он равона карда шудааст, ки қонунҳое бояд таҳия ва қабул гарданд, ки таконбахши раванди демокративу ҳуқуқбунёдии кишвар бошанд ва ба рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа бештар мусоидат кунанд.
Бояд гуфт, ки рушду нўмуи қонунгузории кишвар доимо мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва пайваста кушиш ба харҷ дода мешавад, ки қонунгузорӣ дар соҳаҳои мухталиф баҳри ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон, суботи ҷомеа, васеъ шудани доираи сармоягузории хориҷию ватанӣ ва рушди дигар самтҳо бо назардошти талаботи замони муосир таҳия ва қабул карда шавад.
Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки бо соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ ва ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии кишвар алоқаманд мебошад, ин иттилоотонии қонунгузорӣ мебошад.
Дар маҷмўаи мақолаҳое, ки зери таҳрири нашриёти “Дабир” ба табъ расидааст, маводҳои Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Масоили иттилоотонии қонунгузорӣ: назария ва амалия» ҷамъ оварда шудааст.
Маҷмўа ба масъалаҳои иттилоотонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷанбаҳои назариявӣ-ҳуқуқии иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, конститутсионализм дар асри рақамӣ: нақши системаҳои иттилоотӣ дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳо, технологияҳои иттилоотӣ дар ҳуқуқи маданӣ: ҷанбаҳои нави ҳуқуқтатбиқкунӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ: таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, рушди рақамикунонии равандҳои иқтисодӣ дар шароити ҳамгироии байналмилалӣ: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои асосӣ, иттилоотонии қонунгузорӣ дар бораи мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ, нақши технологияҳои иттилоотӣ дар мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккилона ва амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот дар мурофиаи ҷиноятӣ бахшида шудааст.
Дар масъалаҳои гуногуни иттилоотонии қонунгузорӣ, аз нигоҳи мутахассисони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ҳамзамон оид ба рушд ва мушкилоти ҷойдошта дар иттилоотонии соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва қонунгузорӣ ибрози ақида карда шудааст.
Маҷмўаи мақолаҳо ба сифати китоб барои кормандони илмӣ, устодони мактабҳои олӣ, донишҷўён ва ҳамаи шахсоне, ки ба масъалаҳои иттилоотонии қонунгузорӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.
Баъдан, тибқи барномаи конференсия д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҷидзода Зоир Ҷурахон двр мавзуи “Ислоҳоти конститутсионӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар раванди ба даст овардани Созишномаи умумии истиқрори сулқ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумқурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ Меқриддин Садриддинзода дар мавзуи “Низоми иттилоотӣ қамчун омили кафолатдиқандаи қуқуқу озодиқо дар Конститутсияи Ҷумқурии Тоҷикистон”, д.и.ҳ., мудири кафедраи қуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Самадзода Бахтиёр Одилҷон дар мавзуи “Рақамикунонӣ дар танзими қуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, н.и.ҳ.,дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Санавварзода Ғолиб Бақо дар мавзуи “Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои байналмилалӣ: назария ва амалия”маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.
Онҳо перомуни санадҳои меъёриву ҳуқуқии ба танзим даромадани вазъи ҳуқуқӣ дар мамлакат, ба омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузоштани он ва тадбири муҳиму саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин ва эъмори давлатдории ҳуқуқбунёди миллӣ будани Конститутсия ибрози ақида карданд.
Дар қисмати пленарии конференсия меҳмонон ва маърузачиён бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Иттилоотонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» дар бахшҳо идома дода, дар он маърӯзаҳои олимону устодон шунида шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

















