Терроризм ва экстремизм – таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷомеа

Дар ҷаҳони имрӯза, яке аз хатарноктарин падидаҳое, ки суботу оромии ҷомеаро зери хатар қарор додаанд, терроризм ва экстремизм ба шумор мераванд. Ин зуҳурот, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва инчунин дар кишвари мо низ сар ба боло задааст, боиси нигаронии ҷиддии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гаштааст.

Худованд инсонро бо ақлу хирад офарида, ӯро муваззаф кардааст, ки роҳи ростро аз роҳи ғалат ҷудо намояд, некро аз бад фарқ кунад ва дар зиндагӣ ба дуроҳа наафтад. Аммо мутаассифона, баъзе афрод ва гурӯҳҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ, сарват ва қудрат, на танҳо арзишҳои миллӣ ва динӣ, балки ҳатто виҷдону имони худро зери по мегузоранд.

Терроризм, аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ба амалҳое дахл дорад, ки ба ҷони инсонҳо таҳдид намуда, бо ҳадафи тарсонидани ҷомеа, фишор ба ҳокимият ва расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ё идеологӣ анҷом дода мешаванд.

Экстремизм бошад, ифротгароии фикриву амалиест, ки бар зидди тартиботи мавҷуда равона шуда, метавонанд ба хушунату ихтилофҳои иҷтимоӣ оварда расонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ ин падидаҳоро “вабои аср” номида, борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм мисли силоҳи қатли ом тамоми башариятро таҳдид мекунанд.

Олимон ва таҳлилгарон навъҳои гуногуни терроризмро муайян намудаанд:

  • терроризми сиёсӣ,
  • динӣ,
  • этникӣ,
  • экологӣ,
  • кибертерроризм ва ғайра.

Аз миёни онҳо, терроризми динӣ хатарноктарин навъи он дониста мешавад. Террористон бештар зери ниқоби дин ва бо истифода аз шиорҳои мазҳабӣ амал мекунанд, то мардумро гул зананд ва ҷавонони ноогоҳро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аммо дар асл, ин амалҳо на танҳо ба арзишҳои динии ҳақиқӣ рабт надоранд, балки бар зидди онҳо равона шудаанд.

Амалҳои террористӣ сабаби марги одамони бегуноҳ, харобии инфрасохтор ва сӯиистифодаи равонӣ мегарданд. Онҳо дар миёни миллатҳо ва табақаҳои гуногун кинаву душманиро паҳн намуда, дар ҷомеа бесуботӣ ва ноумедиро ба вуҷуд меоранд.

Террористон бо истифода аз технологияҳои нав ва шабакаҳои махфӣ кӯшиш мекунанд, ки тарҳҳои худро амалӣ намоянд. Онҳо ҳатто сохторҳои молиявӣ таъсис дода, маблағгузории терроризмро таъмин мекунанд.

Барои муқовимат бо ин падидаҳои хатарнок, ҳамкории наздики ҳамаи кишварҳо зарур аст. Таъсиси ташкилотҳои байналмилалӣ, мубодилаи иттилоот, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои радикалӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву динӣ – аз роҳҳои асосии муқовимат ба ин вабои аср мебошанд.

Хушбахтона, пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардиданд. Ин санадҳо бо дарназардошти пешниҳодҳо ва ниёзҳои аҳолӣ таҳия шуда, ҳадафи асосии онҳо ба танзим даровардани муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвият бахшидан ба сатҳу сифати тарбияи маънавии онҳо мебошад.

Мубориза бо терроризм танҳо вазифаи давлат нест — ҳар як шаҳрванди бедордил бояд ҳис кунад, ки ӯ низ дар ин раванд нақш дорад. Пешгирии паҳншавии афкори ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, таҳкими ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун – ҳамаи ин вазифаҳои шахсони солимфикру масъули ҷомеа мебошанд.

Терроризм ва экстремизм, новобаста аз шаклу шиору забонашон душмани оромии ҷомеа, инсоният ва арзишҳои башарӣ мебошанд. Онҳо на ватан доранд, на дин ва на мазҳаб. Ҳар касе, ки ба номи дин амали зишт мекунад, дар асл хиёнат ба дину миллат мекунад.

Аз ин рӯ, дар шароити муосир, мубориза бо ин зуҳурот бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд бошад. Фақат бо якдилию ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа метавон ин вабои асрро решакан кард ва суботу амнияти кишварро ҳифз намуд.

 

Ҳомидова М.Ф. –  н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

 

 

 

You might also like