Донишҷӯи ДДҲБСТ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» шуд

Донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Азиза Ҷумаева дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи сарояндагӣ мақоми ифтихорӣ — Дипломи дараҷаи 1 ва ҷоизаи пулии 70,000 сомониро ба даст овард.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ӯро табрик намуда, барои комёбиҳои нав дар оянда барору пешрафт таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ баргузор мегардад, тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ шуда, дастпарварони донишгоҳ дар даврҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявии ин озмуни бонуфуз ба дастовардҳои шоёну назаррас ноил мегарданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Ҷумаева Азизаро бо дастоварди назаррас сидқан шодбош гуфта, ба ғолиби озмун дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳои нав орзу менамояд.

                                                                                                           Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like