Баргузории конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши фарҳангшиносӣ, инсоншиносӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар рушди таҳсилоти олӣ” дар ДДҲБСТ

04 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши фарҳангшиносӣ, инсоншиносӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар рушди таҳсилоти олӣ”, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти илмию педагогии профессор Абдураҳим Ҷӯраев баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимони варзида, мутахассисони соҳа, устодони донишгоҳ ва меҳмонон ширкат варзиданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Фурқат Ҳомидзода баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Ӯ қайд намуд, мусаллам аст, ки муҳимтарин вазифаҳои фарҳанги маънавӣ иборат аз ҳифз ва рушди мероси фарҳангии миллат, таъмини тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон, рушди санъату ҳунар, ташаккули шахсияти дорои ҷаҳонбинии васеъ ва боло бурдани сатҳи иҷтимоӣ-фарҳангии ҷамъият мебошанд.
Мавсуф, ҳамзамон, ба профессор Абдураҳим Ҷӯраев ба муносибати 50-солагии фаъолияти пурмаҳсул ва хидматҳои арзандааш дар рушди робитаҳои байналмилалӣ табрик гуфта, саҳми эшонро дар пешбурди илм ва иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ намуд.
Дар идома, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ баромад намуда, ба кори конференсия равнақу барор орзу намуданд.
Тибқи барномаи конференсия директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Сун Даман, мудири шуъбаи мониторинги байналмилалии Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Бозор Сафаралиев, аъзо-кореспонденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадалӣ Музаффарӣ, директори барномаи ПАХЧ, доктор Абдулмамад Илолиев, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино Абдуманнон Саидов, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон, мудири осорхонаи меъмории Садриддин Айнӣ, Узбекистон Амриддин Пулотов, доктори илмҳои фалсафа, профессори ДИСДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Расулҷон Солиҷонов, тренери Барномаи байналхалқии Инсоншиносӣ, Аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон Маҳкамбой Каримов, мудири кафедраи забонҳои ДИСДДТТ, номзади илҳои филологӣ, дотсент Мутриба Исмоилова, ҳамчунин меҳмонон тариқи он-лайн маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар конференсия перомуни мавзуъҳои мавқеи инсоншиносӣ дар системаи илмҳои фарҳангшиносӣ ва гуманитарӣ, мақом ва аҳамияти хона-музейи Садриддин Айнӣ дар ташаккули чаҳонбинии инсони муосир, рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар донишгоҳ, оид ба масоили рушди таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ ибрози андеша карда шуд.
Конференсияи байналмилалии илмию малӣ таҳти унвони “Нақши фарҳангшиносӣ, инсоншиносӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар рушди таҳсилоти олӣ” бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаҳои меҳмонону иштирокчиёни конференсия анҷом ёфт.

                                                                                                                 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like