Баргузории конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Забон – ганҷинаи маданияти башарӣ»
03-юми октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони « Забон – ганҷинаи маданияти башарӣ» баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д. и. т., профессор Фурқат Ҳомидзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз кард, боиси сарфарозист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун рўзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беҳамтост. Чуноне ки Сарвари давлат таъкид менамоянд: “Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.
Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.
Имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад”., илова намуд Фурқат Ҳомидзода.
Дар идомаи кори конференсия д. и. ф., профессори кафедраи забони тоҷикии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мавзуи «Забони тоҷикӣ, масъалаҳои таҳаввулоти имло ва аломатқои китобат», д.и.ф., профессори кафедраи забони тоҷикии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Муътабархон Забиҳуллозода дар мавзуи «Забони миллат –рукни давлатдории миллӣ », н.и.ф., дотсент, директори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳромҷон Раҳматзод дар мавзуи “ Нақши Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар рушди забони давлатӣ, таҳия ва интишори осори мондагори классикӣ”, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, н.и.ф., дотсент Шавкат Рустамов дар мавзуи «Масъалаҳои таҳаввули алифбои забони тоҷикӣ” маърузаҳои илмӣ намуданд.
Дар баромади маърӯзачиён ҳамчунин перомуни асари пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» сухан рафт. Гуфта шуд, ки асари мазкур дар баробари инъикоси таърихи ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллиамон аз ҷониби ниёгон, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ саршори муҳаббати самимии муаллиф ба забон ва соҳибони он мебошад. Асари мазкур бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷиконро фаро мегирад ва бо асоснокии илмӣ исбот карда шудааст, ки замоне истифодаи ин ё он забон дар ягон соҳа ё ришта маҳдуд мешавад, ҳамон дам ин вазъият ба такомули он таъсир расонда, дар ҳамон риштаҳои онро забони дигар ишғол менамояд. Бинобар ин, Сарвари давлат пайваста омўзиши дурри гаронбаҳои миллатро бо ин забони ноб таъкид дошта, риояи меъёр ва поку бегазанд маҳфуз доштани забони давлатиро вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баору номус меҳисобанд ва бегазанд ба дасти насли оянда ба мерос мондани ин арзиши миллиро таъкид медоранд.
Бояд тазаккур намуд, ки ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати одамон буда, танҳо ҷамъият қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.
Дар интиҳо, барномаи рангини адабии донишҷӯён ба конференсия шукўҳи тоза бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа