Номаи шодбошии ректори ДДҲБСТ Шероз Мӯминзода ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ
Устодони азиз, омӯзгорони гиромӣ ва ҳамкасбони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос Шуморо ба ифтихори ду санаи муқаддасу муҳими миллии кишварамон – Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола дар моҳи октябр бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд, табрику таҳният гуфта, барои ҳар яки Шумо тандурустӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи омӯзгорон – ин рӯзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба касбу фаъолияти шахсоне аст, ки дар роҳи парвариши неруҳои созандаи миллат, бедории андешаи ҷавонон ва рушди илму маърифат нақши сарнавиштсоз доранд. Омӯзгорон ҳамчун раҳнамоёни роҳи илм ва парчамбардорони маърифат, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми гаронмоя мегузоранд.
Мо, аҳли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо ифтихор изҳор медорем, ки омӯзгорони донишгоҳ дар роҳи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ташаккули тафаккури солими донишҷӯён фаъолу пешсаф мебошанд.
Забони тоҷикӣ ҳамчун мояи ифтихори миллӣ ва рукни асосии ҳувияти давлатӣ, яке аз омилҳои муҳимтарини ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ ба забон ҳамчун падидаи муқаддаси миллӣ диққати махсус дода, онро рамзи ҳастии миллат ва кафили бақои он номидаанд. Забон танҳо воситаи муошират нест, балки ганҷинаи арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва ахлоқии мост, ки аз насл ба насл интиқол меёбад. Пас, ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯсту худшинос мебошад.
Бо истифода аз фурсат, боз ҳам Шуморо ба ин ду ҷашни пурифтихор табрик гуфта, таманно дорам, ки дар партави забони ширини тоҷикӣ ва бо илҳому нерӯ аз рисолати омӯзгорӣ, пайваста дар рушду пешрафти Ватан саҳмгузор бошед.
Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор муборак бод!