Баргузории маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор
Ба ифтихори гиромидошти санаҳои муқаддасу фархунда – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Забон – ҳастии миллат» ва «Ҳаққи устод аз падар беш аст” баргузор гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Шероз Мӯминзода тамоми устодону омӯзгоронро бо иди касбиашон шодбош намуда, зикр дошт, боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегиранд. Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа, ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсонӣ номидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи Дониш қайд намуданд: “Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бомаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем.
Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”.
Ин баҳои баланди Пешвои миллат ба фаъолияти вусъатбори Шумо – устодону кормандони донишгоҳ низ иртиботи қавӣ дорад. Шумо аз зумраи шахсоне ҳастед, ки илму ирфони замонро ҳамеша пойбарҷо медоред, ба мардум маърифат меомӯзед ва бо рисолати пуршарафу пурмасъули хеш дар рушду нумўи ҷомеаи инсонӣ сазовор саҳм гирифта меоед, илова намуд ректори донишгоҳ. Ҳамасола, дар сатҳи шоиста истиқболи Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ифодагари сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат – омӯзгорон ва рукни муҳими давлатдорӣ – забони давлатӣ маҳсуб меёбад.
Боиси фараҳмандист, ки аҳли устодону профессорони донишгоҳамон дар ҷодаи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маорифи халқ корҳои зиёду самарабахшро бо масъулияти том ба ҷо меоваранд.
Мо, омӯзгорон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст нақши муҳим дорем ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли фикрӣ маҳз муаллим ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад, иброз намуд Шероз Мӯминзода.
Дар қисми дигари маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ба як қатор кормандону устодон барои заҳматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимӣ бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон ба гурӯҳи калони кормандону устодони донишгоҳ, ки дар марҳилаи тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд, Ифтихорномаву Сипосномаҳо ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Барномаи хуби адабию фарҳангӣ, ки аз меҳнату заҳмати омӯзгорон шаҳодат медод, ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа