Танҳо дар ваҳдату ҳамбастагӣ мо метавонем, коррупсияро барҳам диҳем!

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои нишондодҳои Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 таҳти унвони «Танҳо дар ваҳдату ҳамбастагӣ мо метавонем, коррупсияро барҳам диҳем!»  бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия аксияи зиддикоррупсионӣ доир гардид. Дар чорабинӣ нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори адлия Васлибек Назриён ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Музаффар Бобоҷонов иштирок карданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, меҳмонон доир ба таърихи баимзорасӣ ва ҳадафҳои  Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ҳарф заданд. Таъкид гардид, ки  дар замони муосир масъалаи мубориза бо коррупсия ба яке аз масъалаҳои калидии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, табдил ёфтааст. Коррупсия дар баробари терроризму экстремизм барои амнияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Баланд гаштани сатҳу шиддати коррупсия боиси заиф гаштани арзишҳои демократӣ, паст гаштани асосҳои ахлоқӣ, маънавиёти ҷомеа ва коҳиш ёфтани обрўву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад. «Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза ҳар як шаҳрванд, тамоми аҳли ҷомеа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ набояд бетараф бошанд». Ин суханҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллатро бояд ҳар кадоми мо новобаста аз он ки дар ҷамъият ба кадом мақому манзалат соҳибем, донишҷў ҳастем ё омўзгор, корманди оддӣ ё шахси мансабдор, бояд сармашқи кору фаъолияти ҳаррўзаи худ қарор диҳем.

Варақаҳои иттилоотию тарғиботии  раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки мазмунан мўҳтавояшон омилҳои пайдоиш,  хатарҳо ва  роҳҳои мубориза бо коррупсияро фарогир буд, дастраси ҳамагон гардид.

Дар қисамти дигари чорабинӣ  викторина, ки аз чунин суолҳо: шарҳи маънои истилоҳи «коррупсия», номи сохтори махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия, роҳбарони собиқ ва имрўзи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи қабули Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра иборат буданд, гузаронида шуд. Иштирокчиён ба суолҳо посухҳои мушаххас дода, бо тўҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, дар ҳамаи гурўҳҳои академӣ, соатҳои тарбиявӣ ба мавзўи пешгирӣ, ошкорсозӣ, огоҳсозӣ ва муборизаи беамон бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бахшида шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ  роҳандозии чорабиниҳои мухталиф роҷеъ ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷўён, фароҳам овардани фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба падидаҳои имконпазири коррупсионӣ ва саҳмгирӣ  дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like