Дастгирӣ аз иқдоми маорифчиёни Бадахшон
Дар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳар миллат дорои забон, хат, рамзҳои ба худ хос ва расму анъанаҳои гуногун мебошад, ки онро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақилу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва демократӣ мепазиранд. Муқаддасоти миллӣ аз ҳастии ҳар як милати соҳибтамаддуни олам гувоҳӣ медиҳад.
Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шево нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст. Кишвари мо низ дар қатори дигар давлатҳо дорои рамзҳои миллӣ мебошад, ки ҳар яке ифодагари маънову моҳияти махсусро доро аст. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он вазифаи ҳар сокини Тоҷикистони азиз аст. Агар ватану ватандорӣ аз гаҳвора оғоз гардад, пас ватанпарастиву ватандўстдорӣ аз ҳувияти миллӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро нишони Ватан ташкил медиҳад. Нишони Ватан, ки дар ҳар куҷову дар ҳар ҷо аз Ватан дарак хоҳад дод. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо ҳангоми сафар бо худ ҳатман як каф хоки Ватанро мегирифтанд, то аз Ватани худ нишоне дошта бошанд ва бо ҳамин хумори дидори Ватанро шикананд.
Дар қатори дигар рамзҳои миллӣ, ки ба мисли парчам ва нишони давлатӣ Суруди миллӣ низ ҷойгоҳу манзалати ба худхосро дорад. Суруди миллӣ рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси давлатӣ мебошад. Мавзӯи муқаддасоти миллат дар эҷодиёти шоирони тоҷик мавқеи хоса дорад. Доир ба гиромидошти он навиштаҳои зиёде рӯи кор омада, саҳифаи даврони Истиқлолияти мамлактро зиннат доданд. Танинандоз гардидани суруди миллӣ ба дили кас илҳом мебахшад, шахсро ба сўйи фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд, корнамоиҳои бемислу монандро тараннум мекунад. Ҳангоми садо додани Суруди миллӣ вуҷуди ҳар шахсро ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ фаро мегирад.
Ба ҳамагон маълум аст, ҳангоми дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ғолибият ба дасд овардани варзишгарон ба ифтихори онҳо Суруди миллӣ садо дода, Парчами кишвар боло бардошта мешавад, ки нуфузу эътибори кишварро дар арсаи байналхалқӣ муайян менамояд.
Хулоса, арҷ гузоштан ба рамзҳои миллии кишвар, хусусан Суруди миллӣ на танҳо вазифаи шахсони масъул, балки қарзи шаҳрвандии яко-яки ҳар як сокини мамлакат ба шумор меравад.
Мо ҷавонони вилояти Суғд тарафдори онем, ки дар ҳар як чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, машғулиятҳои таълимиву тарбиявӣ, инчунин дар баргузории дигар чорабиниҳои мухталиф Суруди миллӣ садо дода шавад, ки он яке аз роҳҳои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ дар ҷомеа ҳисобида мешавад. Иқдоми маорифчиёни Бадахшонро пурра дастгирӣ менамоем.
Комилов М. – ҷавони фаъолу ватандуст