Бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ
Дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” баробари арҷгузорӣ ба Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ёдовар шудааст. Маорифчиёни вилояти Бадахшони кӯҳӣ бо ташаббуси хело наҷиб баромадаанд, ки пеш аз оғози машғулиятҳо мактаббачагон суруди миллиро бо овози зинда мехонанд. Хуб мешуд Суруди миллиро ба таври зинда дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ва ташкилоту муассисаҳо хонда шавад. Ин ташаббус хело саривақтӣ буда, бояд дар тамоми маҳалҳои кишварамон дастгирӣ шавад.
Чунки худ тасаввур кунед вақте кӯдак дар кӯдакистон Суруди миллӣ мехонад вуҷуди инсонро ҳаяҷон мегирад ва ин ифтихори падару модар ва хешовандон мебошад. Бедоршавии ҳисси ватандӯстӣ, хизмат ба ватан ва дӯст доштани ватани азизамон даъват менамояд. Ғайр аз ин дар ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзу ҳимояи он дарк карда мешавад.
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод
Саодати ту, давлати ту, бегазан бод,
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем
Яъне замзамаи ин шеър худ гувоҳи он аст, ки дилбастан ба диёр, кишвари худ, дӯст доштани он аз давраҳои қадим ба мо мерос мондааст, мо бояд бо гузаштагони худ ифтихор кунем , поеи хотири онҳоро нигоҳ доремва аз гузаштаи худ ифтихор кунем. Аз давраҳои қадим, яъне навои оҳангар пешдомани худро парчам намуда зери он одамонро муттаҳид менамуд ва бар зидди беадолатиҳо мубориза мебурд.
Мо имрӯз ифтихор кунем, ки парчами худро дорем, нишони давлатии худро дорем ва Суруди миллиро, ки дар Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат дар шаҳри Хуҷанд қабул шудааст.
Мо калону хурд бояд бо ин муқаддасоти миллии ҷумҳуриамон фахр намоем ва онро ҳифзу муқаддас шуморем. Хондани суруди миллӣ дар кӯдакистону мактабҳои таҳсилоти миёна, литсейю донишкадаҳо зарур ва атмӣ бояд бошад.
Пешниҳоди маорифчиёни вилояти Бадахшони кӯҳӣ бояд дар тамоми манотиқи кишвари азизамон дастгирӣ карда шавад. Ин ба тарбияи насли ҷавон мусоидат менамояд. Ҳисси ватандӯстии онҳоро бедор менамояд ва ба сарсабзиву рушди кашвари азизамон онҳоро ҳидоят менамояд .
Зинда бод Тоҷикистони азизам!
Азимов А.Ҷ. – дотсенти кафедраи
маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ