Суруди ҷовидона
Ҳар оҳанге ба гӯши инсон аз овони хурдӣ хеле гӯшнавоз садо медиҳад. Дар кӯдакӣ аллаи ҷонфизои модар аз рӯзҳои аввали ҳаёт ба гӯши тифл форам аст, зеро бо ҳамин алла ҷаҳони ботинии ӯ рушд меёбад. Дар суруди аллаи модар аввалин хислатҳои наҷиби инсонӣ, ба мисли дӯстию рафоқат, ҷавонмардию паҳлавонӣ ва ватандӯстӣ инъикос гардида, оҳанги он руҳу равони кӯдакро бо баробари навозиш тарбия низ менамояд.
Дар баробари бузург гардидан инсон ҳамеша ҷӯёи оҳангест, ки мисли аллаи модар бошад. Аз ин хотир майл ба суруду оҳанги дилпазир ҳамеша инсонро ба ҷустуҷӯ водор месозад. Роҳ кушодан ба ин муҳаббат кори муҳиту оила аст, то онро дуруст ва бомавқеъ истифода карда тавонад. Ёд дорам ҳангоми бори аввал садо додани Суруди миллӣ дар мактаб моро як ҳиссиёти аҷиб фаро гирифта буд. Оҳанги суруд баъди ин қадар нобасомониҳо барои мо навиди сулҳу дӯстӣ ва муҳаббатро мерасонд.
Аз ин хотир ҳоло ҳам ҳангоми садо додани Суруди миллӣ ҳиссиёти оромию субот моро фаро мегирад. Мехоҳам ҳар фарди тоҷик ҳамин нангу номуси миллии худро, ки дар матни ин суруд инъикос гардидааст, ҳамеша пос ва азиз дорад. Ватани худро чун модари азизу ягона дӯст дошта, ба ободу зебо гардидани он саҳмгузор бошад.
Ҳар нафаре, ки волидайнашро дӯст медорад, Ватан низ барои ӯ чунин арзиш дорад, бояд муқаддасоти миллиро пос нигоҳ дорад. Мардуми тоҷик аз қадим мардуми меҳнатдӯсту шарафманд ва озода аст, фаҳмонидани ҳамин мафҳумҳо ва ифтихор аз гузаштагон доштан вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
Аз ин хотир мо аҳли кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ иқдоми мардуми Бадахшонро дастгирӣ намуда, изҳор медорем, ки бигзор Суруди миллӣ ҳамеша дар фазои ҳамаи муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва боғчаю манзили мардуми шарафманди тоҷик танинандоз бошад.
Мирниёзов А. – сармуаллими кафедраи
забони тоҷикии ДДҲБСТ