Тоҷикистон дар маркази дипломатияи об ва иқлим: Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён дар Конфронси СММ оид ба уқёнусҳо
Дар асри XXI об ба яке аз сарчашмаҳои ҳаётан муҳим ва сармояҳои стратегӣ табдил ёфтааст. Бар хилофи тасаввури гузашта, ки об ҳамчун неъмати табиӣ ба таври фаровон ва бемаҳдуд дастрас буд, имрӯз ҷомеаи башар бо воқеияти дигар рӯ ба рӯ шудааст — зиёда аз 2 миллиард одам дар ҷаҳон ба оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд, ва тибқи пешгӯиҳои созмонҳои байналмилалӣ, дар даҳсолаҳои наздик ин рақам метавонад боз ҳам афзоиш ёбад.
Тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, истеъмоли саноатӣ, ифлосшавии манбаъҳои об ва обшавии пиряхҳо ба мушкилоти шадиди обӣ овардаанд. Норасоии об натанҳо хатари иҷтимоӣ ва иқтисодӣ эҷод мекунад, балки метавонад ба нооромии сиёсӣ ва низоъҳо миёни кишварҳо ва минтақаҳо сабаб гардад.
Дар чунин шароит, ҳифзи захираҳои обӣ, аз ҷумла уқёнусҳо, пиряхҳо ва манбаъҳои оби тоза, ба масъалаи стратегӣ ва глобалӣ мубаддал гардидааст. Маҳз бо дарки амиқи ин вазъият, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз муҳимтарин минбарҳои байналмилалӣ — Конфронси СММ оид ба уқёнусҳо — суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба амал даъват кард.
9 июни соли 2025 дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Франсия Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо суханронии пурмуҳтаво ва фарогир иштирок кард. Суханронии ӯ на танҳо ба мушкилоти об ва уқёнусҳо бахшида шуда буд, балки зарурати ҳамгироии кишварҳои ҷаҳонро барои ҳифзи захираҳои обӣ, экосистемаҳои баҳрӣ ва криосфера (яъне пиряхҳо ва дигар шаклҳои ях) бо таъкиди ҷиддӣ ба миён гузошт.
Тоҷикистон — кишвари бе уқёнус, вале бо садои баланд дар масоили об
Сарвари давлат таъкид намуд, ки уқёнусҳо зиёда аз 70 фоизи рӯи заминро фаро мегиранд ва ҳифзи онҳо вазифаи муҳими умумбашарист. Эҳтиёҷ ба захираҳои обӣ ва таҳдидҳои афзояндаи тағйирёбии иқлим талаб менамояд, ки кишварҳо ба таври дастаҷамъона ва ҳамоҳанг амал намоянд.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон баромади мустақим ба уқёнус надорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувори кишварро ҳамчун ташаббускор ва пешбарандаи рӯзномаи обиву иқлимӣ муаррифӣ кард. Ӯ таъкид кард, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, аз ҷумла “Раванди обии Душанбе”, тайи беш аз бист сол шарикии фаъолонаи кишварҳоро ба хотири ҳалли мушкилоти обӣ таъмин менамояд.
Пиряхҳо — сарчашмаи оби тоза ва нигаронии глобалӣ
Президенти Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ таъкид кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо хатари ҷиддӣ барои миллиардҳо нафар аҳолии сайёра ва экосистемаҳо, махсусан дар кишварҳои камоб, эҷод мекунад. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мушкил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Франсия соли 2025 аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудааст.
Дар доираи ин сол баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, пешниҳод гардидааст, ки 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо расман ҷорӣ карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ташкили ҳамкории муназзами байналмилалӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои муҳити зистӣ таъкид намуд. Аз ҷумла, ӯ пешниҳод кард, ки шумораи фондҳои ҷаҳонӣ ва ҳаҷми маблағгузорӣ барои ҳимояи экосистемаҳои соҳилӣ, баҳрӣ ва манбаъҳои оби тоза бештар гардад.
Ғайр аз ин, Президенти кишвар пешниҳод кард, ки дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Ташкилоти ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба гляциология таъсис дода шавад, ки вазифаи он ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи криосфера хоҳад буд.
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнусҳо як паёми возеҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буд: ҳифзи об, уқёнусҳо ва пиряхҳо натанҳо вазифаи кишварҳои соҳилӣ, балки масъулияти умумибашарист. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари кӯҳистон бо захираҳои бузурги оби ширин ва пиряхҳои стратегӣ, бо ташаббусҳои мушаххас ва пешниҳодҳои амалӣ исбот намуд, ки метавонад дар сатҳи байналмилалӣ нақши калидӣ бозад.
Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши бесобиқаи талабот ба об, паёми Эмомалӣ Раҳмон даъвати фаврӣ ба амал аст: танҳо тавассути иттиҳоди умумиҷаҳонӣ ва сиёсати муттаҳида метавон захираҳои ҳаётан муҳими табииро барои наслҳои оянда нигоҳ дошт.
Тоҷикистон дар симои Президенти худ имрӯз садои кишварҳои кӯҳистон, кишварҳои осебпазир ва тамоми инсониятро ифода мекунад — садое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд онро бишнавад ва ба он посух гӯяд.
Мирзохоҷаева Умедаҷон Муродҷоновна,
ассистенти кафедраи таърих ва диншиносӣ