Ташаббуси ҷониби Тоҷикистон – таҳкимбахши ҳалли масоили обу иқлим дар сайёра!

Таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалии иқлим дар сайёра яке аз кишварҳои фаъол ва ташаббускор мебошад. Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масоили обу иқлим ва дастгирӣ ёфтани ин ташаббусҳо аз ҷониби Созмонҳои байналмилалӣ ифтихори мо сокинони кишвар мебошад.

Боиси қайд ва ифтихор аст, ки санаи 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот андешаронӣ намуда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.

Дар ҳақиқат, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ ва пиряхҳо дар минтақа яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, истифодаи самараноки он дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва минтақа масъулият ва маданияти хуби истифодабариро талаб менамояд. Зеро, раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо, паёмадҳои харобиовар ва оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.

Боиси ифтихори мо – сокинони кишвар аст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд.

Ҳамин аст, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Ташаббуси мазкур дар ҳоле ҷонибдорӣ гардид, ки раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири назаррас расонад.

Хулоса, баргузории конфронси мазкур ва ҳалли масоили обу иқлим барои сокинони сайёраи Замин яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳаётӣ маҳсуб ёфта, саҳми Тоҷикистон дар ин самт хеле назаррас ва калидӣ мебошад. Мо, сокинони кишварро зарур аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ ва пайравӣ намуда, баҳри сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва самараноку сарфакорона истифода кардани захираҳои обии кишвар бештар саҳмгузор бошем.

 

Ҳомидҷон Солиев – н.и.и., дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like