Изҳороти кафедраи забони тоҷикӣ нисбати акти террористии хоинони миллат

Ба вуҷуд омадани акти террористӣ дар рузи таҷлили ҷашни Конститутсияи кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки  ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ташкилоти террористии “ДИИШ” ва “ТЭТ ҲНИ” зиддӣ зиндагии осоиштаю созандаи ҷомеаи мо баромад мекунанд.

Чи хеле, ки маълум шуд,  бо далериву ҷасурӣ ва кордонии мақомоти дахлдор терористон ба анҷом додани амалиёти тахрибкоронаи худ муваффақ нашуданд ва як қисмашон ба ҳалокат расида, қисми дигарашон боздошт гардиданд. Ин ҳодиса шаҳодати он, ки мақомоти давлатӣ баҳри таъмини сулҳу амнияти миллӣ шабҳои дароз  бедорхобӣ кашида, вазифаи ба дӯш доштаашонро дар сатҳи олӣ анқом медиҳанд.

Имрӯз аз хабару мақолаҳои дар сомонаҳои наҳзатӣ паҳн гардида бармеояд, ки раҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ бо террористони “ДИИШ” ҳамақидаанд. Маҳз нафарони гумроҳ баъди пайравӣ аз ҳизби наҳзат роҳ ба суи Сурияву Ироқ пеша карда, ба  сафи “ДОИШ” аъзо мешаванд.

Мо устодону омузгорон кафедраи забони тоҷикӣ сиёсати кунунии роҳбари давлат ва мақомотҳои қудратиро дар самти таъмини амнияти ҷомеа пурра дасгирӣ менамоем. Намегузорем, ки чунин хоинони миллат садди роҳи хушбахтии халқи тоҷик гарданд.

Аҳли устодони кафедраи

забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like